Олимони бритонӣ мутатсияи нави коронавирусро кашф карданд

Табибони Агентии ҷамъиятии тандурустии Англия (PHE) дар Бритониё як навъи нави коронавирусро кашф карданд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба Mirror хабар додааст.

  • То имрӯз дар саросари кишвар 16 ҳолати сироятёбӣ бо мутасияи B.1.621 муайян карда шудааст. Аксари онҳо бо сафар ба хориҷ марбутанд, — гуфтанд коршиносон.
    Ҳоло табибони агентӣ ин варианти SARS-CoV-2 — ро озмоишҳои лабораторӣ мегузаронанд, то мутатсияи ошкоршуда ба рафтори вирус чӣ гуна таъсир мерасонад.
    Духтурон ҳанӯз дақиқ намедонанд, ки оё B.1.621 самаранокии ваксинро коҳиш медиҳад ё на.
    Дар айни замон дар ҷаҳон мутатсияи маъмултарини «делта» -и коронавирус аст, ки он тақрибан дар ҳамаи кишварҳои Аврупоӣ доман задааст.
    Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ қайд кард, ки дар моҳҳои оянда ин вирус ҷаҳонро фаро мегирад ва гардиши навъҳои дигари коронавирусро маҳдуд мекунад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ