Рейтинги Байден ба нишондоди пасттарин уфтод

Рейтинги фаъолияти президенти Амрико Ҷо Байден ҳатто аз 50 дар сад ҳам пасттар фаромадааст, менависад Прайм бо такя ба ширкати амрикоии Gallup, ки ба баргузории назарпурсӣ миёни мардум машғул аст.
Гуфта мешавад, ин пасттарин нишондоди рейтинги Байден аз аввали интихоб шудани ӯ ба маснади президентӣ аст. Зеро моҳи июн ин нишондод ба 56 дарсад баробар буд.
Бар тибқи натоиҷи назарпурсӣ, ки аз 6 то 21-уми июл доир шуда буд, ҳудуди 45 дарсади пурсидашудаҳо изҳор доштанд, ки фаъолияти Ҷо Байденро қабул надоранд.
Ҳамчунин 5 дарсади иштирокчиёни назарпурсӣ дар ин бора ҳоло назари мукаммал надоранд.
Зикр мегардад, ки маҳбубияти Байден ҳатто миёни ҷонибдорони ӯ аз Ҳизби демократӣ низ коҳиш ёфтааст. Зимни назарпурсӣ 90 дарсади ҳамҳизбони ӯ Байденро дастгирӣ намуданд, дар ҳоле, ки моҳи январ 98 дарсади аъзоёни ҳизби мазкур аз Байден пуштибонӣ мекарданд.
Ҳолдонҳо коҳиш ёфтани рейтинги Байденро ба муборизаи Вашингтон бо пандемия рабт медиҳанд. Ба таъкиди онҳо, сатҳи сироятшавӣ ҳамоно зиёд буда, ҷараёни ваксингирӣ ниҳоят суст аст.
Илова бар ин, Байден ҳамоно якчанд ваъдаҳое, ки қабл аз маъракаи интихоботӣ ба мардум дода буд, иҷро накардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ