Парвандаи нави Алмосбек Отамбоев: Ӯ боз барои кадом ҷиноят айбдор мешавад

Ҳоло собиқ президенти Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев барои содир кардани як ҷинояти дигар муттаҳам дониста мешавад.
Отамбоевро дастандаркори ноамниҳои ахир дар майдони Ала-Тоо дар моҳи октябри соли 2020 меҳисобанд. Дар ин бора вакили ӯ Замир Жоошев хабар дода изҳор доштааст, ки аз парвандаи нав онҳоро ду ҳафта қабл хабардор намуданд.
Жоошев шарҳ додааст, ки собиқ раисиҷумҳур гӯё бо Омурбек Бабанов, Фарид Ниёзов, Темирлан Султанбеков ва дигар сиёсатмадорон забон як карда, назди бинои «Медиафорум» мардуми зиёдро ҷамъ оварда, аз он ҷо бо ҳадафи ба даст овардани ҳокимият ба майдони марказӣ равона шуданд.

  • Отамбоев мардумро бештар ба шӯр андохт, ки дар натиҷа задухӯрдҳои оммавӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон, сангу дигар ашё сурат гирифта буд, — омадааст дар матни огоҳинома.
    Аммо вакили Отамбоев мегӯяд, замоне, ки онҳо дар майдони марказӣ қарор доштанд, он ҷо гурӯҳи одамоне омаданд, ки ба мардум бо сангу силоҳ ҳамла намуданд. Дар натиҷа ҷонибдорони Отамбоев майдонро тарк карданд.
    Ӯ илова кард, ки пас аз ин ҳодиса Омурбек Текебаев ва Омурбек Бабанов изҳор доштаанд, ки ин гурӯҳ одамони собиқ президент Сооронбой Жээнбеков буданд.
    Ёдовар мешавем, ки ҳоло Алмосбек Отамбоев феълан дар колонияи рақами 47 адои ҷазои ҷиноӣ мекунад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ