Нигина Ӯзбекистонро дар озмуни зебогии ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад

Модели Ӯзбекистон Нигина Фахриддинова барои фатҳи як озмуни байналмилалии зебоӣ омодагӣ мегирад.
Зебосанам ва блогер дар сӯҳбат бо Sputnik гуфтааст, имсол ба вай муяссар шуд, ки иштирокчии озмуни пурнуфуз шавад.
Озмуни байналмилалии Miss International -2021 бори 60-ум ва дар шаҳри Иокогамаи Ҷопон баргузор хоҳад шуд.
Дар озмуни зебогӣ, дар маҷмӯъ, аз сартосари ҷаҳон 34 гулдухтар иштирок мекунанд.
Байни онҳо бонувон аз Канада, Мексика, ИМА, Малта, Чехия низ ҳастанд.
Духтарак аллакай давраи аввали озмун — Miss International Uzbekistan 2020/21-ро гузаштааст.
Ба гуфтаи Фахриддинова, акнун ӯ дар тараддуд аст: либосҳои миллиро омода мекунад.
Вай инчунин хеле умедвор аст, ки пандемияи коронавирус ба озмун халал намерасонад.

  • Агар сарҳадҳо баста шаванд, озмун ё мавқуф гузошта мешавад, ё кишвари дигари ширкаткунанда метавонад онро қабул кунад, — тавзеҳ медиҳад модел.
    Нигина афзуд, ҳамчун намоянда аз Осиёи Марказӣ ширкаташ дар чунин чорабинии бузург хеле ҳаяҷоновар аст.

Ёдовар мешавем, ки Нигина Фахриддиноваи 22-сола дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон таваллуд шудааст.
Нигина ғолиби озмунҳои Miss Intercontinental Uzbekistan — 2019, Top Model Friendship — 2018, Fashion Model SNG 2018 мебошад.
Фахриддинова ба 8-гонаи муваффақтарин модел дар Ӯзбекистон ва яке аз машҳуртарин зебосанами Осиёи Марказӣ шомил мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ