ДОНИСТАНИҲОИ АҶИБ

ЛОЛА

Лола гули бениҳоят маъмул дар дунёст. Навъҳои гуногуни лола зебо, назорати доимӣ ва ҳассосро талаб намекунад ва атру таровати хубе ҳам доранд.  Гулпарварон  ҷанбаҳои мусбати ин гулро қадр карданд ва якчанд ҳазор навъҳои лоларо  ба вуҷуд  оварданд. Лолаҳо дар сайёра 15 миллион сол пеш пайдо шуданд ва то имрӯз, зиёда аз 80 намуди гулҳо (ба гуфтаи баъзе олимон — зиёда аз 100 намуд) мавҷуданд. Ин намудҳо, дар навбати худ, бештар аз 1800 навъ ва шаклҳои лолаҳои ба мақсади  тиҷорат  афзоишёфтаро дар бар мегиранд. ,
Дар солҳои гуруснагӣ аврупоиҳо пиёзаки бехи лолаҳои тару тозаро ба ҷойи  пиёз истифода карданд ва хушконидаву кӯфтаашро бо  орд меомехтанд. Дар кишварҳои шарқӣ ҳоло ҳам пиёзаки лолаҳои хӯрданбобро тановул мекунанд. Дар тӯли якчанд аср, лола рамзи сулолаи ҳукмронии империяи Усмонӣ буд.  Дар аввали асри XVII дар Фаронса пиёзаки бехи  лола  арзиши афсонавӣ дошт. Домодҳо аксар вақт пиёзаки лоларо  ҳамчун тӯҳфаи  бозгӯкунандаи пешниҳоди тӯй  барои арӯсҳояшон мехариданд ва як осиёбон  осиёбашро ба як пиёзи лола  иваз карда, аз шартҳои созиш розӣ шуда буд.
Фонди ҷаҳонии  тиҷорати лола дар  соли 1952 ба авҷи назарраси олам расид, вақте гулпарварон дар тамоми ҷаҳон 5544 навъи ин растаниҳоро парвариш карданд. Аммо, дар нимаи солҳои 1980-ум шумораи навъҳо бештар аз ду маротиба кам  шуд.   Мақомоти  байнулмилалии сертификатсияи лола дар Нидерландия ҷойгир аст , ки  он Ҷамъияти Шоҳии Растаниҳои пиёзбех номида мешавад. Дар айни замон ин кишвар зиёда аз 90% бозори ҷаҳонии пиёзакҳои лолаҳоро назорат мекунад.  Дар Нидерландия, дар давраҳое, ки лолаҳо обёрии фаъолро талаб мекунанд, сатҳи обҳои зеризаминӣ ба таври сунъӣ баланд карда  мешавад.
Дар охири асри 18, Петр I ба Россия лола овард ва император як ширкати махсус таъсис дод, ки ин гулҳоро аз Ҳолланд содир мекард. Дар Эрон, лола рамзи шаҳидон ва сарбозоне мебошанд, ки дар роҳи дифои  ватанашон вафот кардаанд. Лолаҳои рангҳои гуногун маънои рамзии худро доранд. Ҳамин тавр, лолаҳои сурх рамзи муҳаббат ва ишқро ифода мекунанд, зард — сарват ва сафед — дархост барои бахшиш. Биологҳо лоларо ба оилаи пиёзбехҳо ворид кардаанд, ки сирпиёз ҳам мансуби ҳамин оила аст. 
Маликаи Шаб навъи лолаест, ки гулбаргҳои арғувон ва қариб моили ранги  сиёҳ дорад. Ин гули ғайриоддӣ Александр Дюмаро илҳом бахшид, ки романи машҳури «Лолаи сиёҳ» -ро нависад. Як ривояте ҳаст, ки тибқи он ҳокими Туркия ба як духтари зебо ошиқ буд. Вақте дӯстони наздикаш ба ӯ хабар доданд, ки маҳбуби дӯстдоштааш мурдааст, ҳоким аз ғаму ғусса хест ва ба кӯҳи баланд баромад ва худро ба замин афканду вафот кард.   Пас аз чанде, дар ҷои маргаш, лолаҳои сурх мерӯянд, ки рамзи муҳаббат ва садоқат мегарданд.
Аввалин асарҳои адабиёт, ки дар он лола зикр шудааст, шеъри  Умар Хайём аст, ки дар асри XII навишта шудааст.   

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ