ИМА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ: паноҳҷӯёни афғонро қабул кунед


Ҳукумати ИМА аз мақомоти Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон дархост кард, ки тақрибан 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро муваққатан ба кишварҳои худ қабул кунанд.
Бино ба хабари Спутник ба нақл аз “Reuters”, аз ин ссе кишвар дархост шудааст, ки то тайёр шудани визаи муҳоҷирони афғонистонӣ ба ИМА ба онҳо дар қаламрави худ ҷой диҳанд.
Ба гуфтаи манбаъ, миёни паноҳҷӯён касоне ҳастанд, ки пеш бо амрикоиҳо ҳамкорӣ кардаанд ва ҳоло бо хуруҷи нерӯҳои ИМА ҷони онҳо дар хатар мемонад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико чанд ҳафта пеш эълом кард, ки миссияи нерӯҳои кишвараш дар Афғонистон то 31 август хотима меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ