Хурмо – гуруснагиро бартараф мекунад


Хурмо — ин мевае, ки дар худ миқдори зиеди моддаҳои ғизоӣ ва витаминҳо дорад, организми моро аз бемориҳои гуногун муҳофизат мекунад.

Хурмо аз чӣ бой аст?
Пеш аз ҳама, онҳо дар таркиби худ шакари табиӣ доранд, яъне сахароза, глюкоза ва фруктоза. Инчунин хурмо витаминҳои гурӯҳҳои А ва В ва кислотаи никотинро захира мекунад.
Дуввум, онҳо дорои аминокислотаҳоли барои инсон муҳимро доранд.

Хурмо барои бадани инсон чӣ манфиат дорад?

  1. Нерӯ мебахшад. Аз сабаби миқдори зиёди қанди табиӣ, хурмо имкон медиҳад, ки мувозинати энергияро зуд барқарор кунад. Барои ҳамин агар шумо худро суст ва хаста ҳис кунед, ба парҳезатон ду дона хурморо дохил кунед.
  2. Кори рӯдаҳоро беҳтар мекунад. Меваи хурмо доруи исҳолкунандаи табиӣ ҳисобида мешавад. Онҳо ба беҳтар шудани кори рӯда кӯмак ва бо қабзият мубориза мебаранд.
  3. Фишори хунро паст мекунад. Дар таркиби хурмо магний ва калий мавҷуд аст, ки ба паст шудани фишори хун кӯмак мерасонанд.
  4. Хавфи пайдоиши ҳуҷайраҳои саратонро паст мекунад.
  5. Ба зардаҷӯш кӯмак мерасонад. Онҳо зардаҷӯшро бо роҳи паст кардани кислотаи муҳити меъда хеле хуб бартараф мекунанд.
  6. Гуруснагиро бартараф мекунад. Барои ҳамин ҳангоми рӯзадорӣ онро бо як стакон об ва хурмо мекушоянд. Бинобар ин, агар шумо дар парҳез бошед, нотарсона як ҷуфт хурморо метавонед истеъмол кунед. Гарчанде ин маҳсулот калорияи баланд дошта бошад ҳам, дар меъёр ба афзоиши вазн мусоидат намекунад.
    Тарҷимаи Лола РАҲИМОВА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ