ПешбинӣҚарзи давлати Ӯзбекистон дар охири соли 2021 кам мешавад ё ки меафзояд?


Дар поёни соли 2021 ба миқдори 28,3 миллиард доллари амрикоӣ шудани қарзи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон пешбинӣ мешавад. Дар ин бора дар нашри ахбори “Буҷа барои шаҳрвандон”-и вазорати молия оварда шудааст.
Бино ба пешбинӣ дар охири соли 2021 қарзи дохилии давлат 2,7 миллиард доллар ва берунааш 25,7 долларро ташкил мекунад. Ин ҷо қарзи аз номи Ӯзбекистон гирифта 18,6 миллиард ва тзери кафолати Ӯзбекистон ҷалбгардида 7,1 миллиард долларро ташкил мекунад. Хароҷотҳои хизматрасонӣ ба қарзи берунаи соли 2021- и давлат 1,6 миллиард доллари ИМА мебошад. Аз ин 1 миллиард доллари ИМА ба қарзи асосӣ, 0,6 миллиард доллари ИМА ба ҳисоби фоиз пардохт мешавад.
Ба ҷойи маълумот: дар соли ҷорӣ ба 4,6 миллиард доллар зиёд шудани қарзи берунаи давлат пешбинӣ шудааст. Дар поёни соли 2020 қарзи берунаи давлатӣ ба 21,1 миллиард доллар, дар поёни соли 2019 бошад, ба 15,7 миллиард доллар баробар буд.
Хотиррасон мекунем, ки қарзи берунаи умумии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон нисбати оғози соли ҷорӣ ба 1 фоиз ё ин ки дар ҳолати афзудан ба 310,6 миллион доллар, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2021 34,2 миллиард долларро ташкил мекунад. Аз ин, қарзи давлат 23,2 миллиард доллар ё ин ки нисбати маҳсулоти умумии дохилӣ 40,1 фоизро ташкил менамояд.
Ҷ.ОБИДОВ ба чоп тайёр кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ