3 миллион доза ваксинаи Moдерна аз ИМА ба Ӯзбекистон оварда мешавад


ИМА дар доираи барномаи COVAX ба Ӯзбекистон 3 миллион доза ваксинаи коронавируси Модерна тақдим мекунад. Ваксинаҳо тавассути барномаи ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ COVAX тақсим карда шуданд. Рӯзи 29 июл бо рейси махсус аз Алабама ба Ӯзбекистон оварда мешаванд.
Маъмурияти хӯрокворӣ ва доруҳои ИМА (FDA) ваксинаи Moдернаро барои пешгирии COVID-19 дар одамони аз 18-сола боло тасдиқ мекунад. Moдерна аз ҷониби Конгресси Умумиҷаҳонии ваксинаҳо ҳамчун беҳтарин ваксинаи коронавирус эътироф шудааст. Самаранокии ин дору аз 94% баландтар аст, ваксина аз 2 доза иборат аст, ки дар фосилаи як моҳ гирифта мешаванд.
Бартарии ваксинаи «Модерна» — онро дар яхдони оддӣ нигоҳ доштан мумкин аст, ки паҳн кардани онро ба тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон осон мекунад.
Чанде пеш ИМА ба Тоҷикистон 1,5 миллион доза ваксинаи «Модерна» тақдим кардааст.
Ҳафтаи гузашта муовини Департаменти давлатӣ Ҷалина Портер зимни брифинг гуфт, ки ИМА 22 миллион доза ваксина ба 23 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, барои мубориза бо коронавирус фиристодааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ