САҲНИ ЗЕБОИ ҲАВЛИҲО


Саҳни ҳавлии биноҳои бисёрқабатаи кӯчаи ПаХтаободи маҳаллаи Пвахтаободи ноҳияи Оқдарё, ки ба ширкати “Оқдарё ипак йӯли” тааллуқ доранд, аз рӯйи дастури манзилнок обод гардонида мешаванд.
Дар асоси барнома даромадгоҳи биноҳои рақамҳои 56,57 ва 58, ки ба ҳудуди хизматрасонии ин ширкат дохил мегарданд, бетонпӯш ва ҳамвору дилкаш мегардонанд.
БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ 30 БИНОИ МАҲАЛЛАИ НАВ
Солҳои охир ба масъалаи ободони маҳаллаҳо эътибори калон дода мешавад. Ҳоло дар ноҳияи Каттақӯғон 69 маҳалла мавҷуд мебошад. Аз онҳо соли ҷорӣ дар асоси лоиҳаи замонавӣ сохтмони бинои нави 30 маҳалла пешбинӣ шуда буд. Имрӯзҳо дар ин маҳаллаҳо корҳои бунёдкорӣ идома доранд.
Ин биноҳои нави маркази маҳаллаҳо дорои тамоми шароитҳо мегарданд ва барои фаъолияти пурсамари кормандони маҳаллаҳо мусоидат менамоянд.
Бунёди бинои нави 30 маҳалла ба муносибати 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тӯҳфаи хубе мегардад.
БО МАҚСАДИ БЕҲБУДИИ ШАРОИТИ ЗИНДАГОНИИ МАРДУМ
Бо ташаббуси раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Сазағони ноҳияи Нуробод
корҳои ба назар намоёни ободонӣ ба амал бароварда мешаванд. Бо мақсади бартараф намудани муаммои об ва мунтазам бо оби ошомидани таъмин намудани мардум кофтан ва тоза кардани Оламбулоқи ҳудуди маҳалла давом дорад.
Инчунин, ба роҳҳои дохилии маҳаллаи Тегирмонбоши сангу шағал хобонида, асфалтпӯш карда мешаванд. Ҳамаи ин гуна корҳои ободониву бунёдкорӣ бо мақсади беҳтар гардондани шароити зисту зиндагонии мардум пешбинӣ шудаанд.
САЁҲАТИ БЕПУЛ
Бо ташаббуси шӯъбаи маҳалла ва дастгирии оилаи ноҳияи Ҷомбой барои як гурӯҳ занон ба шаҳри Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё саёҳат ташкил карда шуд. Дар он 50 нафар занону духтароне, ки ба “Дафтари занон” дохил буданд, иштирок карданд. Онҳо ҳангоми саёҳат қароргоҳи “Оқсарой”, зиёратгоҳи Ҳазрати Башир ва дигар ҷойҳои сазовори диққати ин шаҳҳрро тамошо карда, таассуроти амиқ гирифтанд.
САЛОМАТИ ДАВЛАТИ НОЁБ
Мувофиқи маълумоти Иттиҳодияи тиббиёти ноҳияи Нарпай дар ноҳия бештар аз 28 ҳазор нафар одам бар зидди вируси коронавӣ пурра ваксина қабул карданд. Дар ноҳия то имрӯз ҷамъ 32741 воя ваксина истифода бурда шудааст. Аз ин вояҳо 19641 нафар аҳолӣ бори якум, 6341 нафар бори дуввум ва 2027 нафар бори саввум эм карда шудаанд.
БО ХАРҶИ КАМ – ҲОСИЛИ ФАРОВОН
Деҳқонони хоҷагии фермерии “Самарқанд Иштихон элита уруғчилик”-и ноҳияи Иштихон дар 40 гектар майдон ба пахтакорӣ машғуланд. Имрӯзҳо онҳо корҳои обёрӣ ва коркардаи байни қаторҳоро пурзӯр мегардонанд. Бо ин роҳ деҳқонони хоҷагӣ ҳосилбандии хуби ниҳолҳои пахтаро таъмин мекунанд.
Мақсади онҳо бо харҷи кам ба даст овардани ҳосилди фаровон мебошад.
Бояд гуфт, ки замини умумии ин хоҷагӣ 100 гектарро ташкил мекунад. Дар хоҷагӣ 14 нафар бо кори доимӣ машғул бошанд, 80 нафари дигар бо корҳои мавсимӣ таъмин мешаванд.
СТАДИОНИ НАВ
Ба қарибӣ аз ҷониби тадбиркор Ҷамол Худойқулов дар паҳлӯи мактаби таълими умумии рақами 47-и ноҳияи Оқдарё
иншооти нави спортии “Ойбек стадиум” сохта ба истифода супурда шуд.
Он стадиони болопӯшида буда, майдонаш бо сабзаи сунънӣ пӯшонида шудааст. Дар маросими кушодашавии он ҳокими ноҳия, ходимони шӯъбаи таълими халқӣ ва ҷавонони ноҳия иштирок карданд.
Баъди кушодашавии ботантанаи стадион ду дастаи футболбозони наврас байни худ қувваозмоӣ намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ