Тоҷику ӯзбек аз қадим дӯсту бародаронанд

Тоҷику ӯзбек расму оин, дину мазҳаби муштарак доранд, ҳамеша дастгири ҳамдигаранд. Ин ду халқ аз қадим дар Мовароуннаҳру Хуросон аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд.
Адабиётҳои миллӣ, анъана ва арзишҳо, санъату маданияти тоҷику ӯзбек низ муштаракан рушд кардаву мекунад. Ба ҳамин далел, вақте гап дар бораи тоҷику ӯзбек меравад, онҳоро як халқи дузабона меноманд. Ва ин эзоҳи дуруст аст. Ин хусусият дар тимсолу эҷодиёти Абдураҳмон Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ худро рӯшан нишон додааст.
Маъниву мафҳумҳои бешумор, аз ҷумла ватан, диёр, офтоб, нур, муҳаббат, дилбар, садоқат, шараф, ҳалол, ору номус, ҳаё, табиат ва ғайра дар ҳар ду забон яксон садо медиҳанд. Тарзи зиндагӣ, хӯрокҳо, меъмории хонасозии мо низ ба ҳам монанд аст. Истилоҳҳои айвону даҳлез, токча, тахмон, пойгаҳ, дарвозахона, меҳмонхона, дастархон низ нишонаи шабоҳати рӯзгор мост.
Эҳтироми падару модар, хоҳару бародарон, фарзанду наберагон, риштаҳои маънавии байни хешу ақрабо анъанаҳои зебои моро дар худ инъикос медиҳад.
Дар умум, тоҷику ӯзбек мисли ду соҳили як дарё, ду байти як шеър бо ҳам наздиканд. Ин робитаҳои ҷовидона, муҳити маънавии барқарор, дар солҳои охир ба як сатҳи нав боло баромад ва шаклу мазмуни нав касб кард.
Сафари раисҷумҳури кишвари мо ба Тоҷикистон ва ташрифи пешвои Тоҷикистон ба Ӯзбекистон шоёни зикр аст. Ин ташрифот робитаҳои дӯстонаи ду халқро мустаҳкамтар кард. Барои идомаи ҳамкориҳои густурдаи сиёсиву иқтисодӣ, маънавӣ ва маърифӣ имкониятҳои нав фароҳам омад. Ҷорӣ шудани режими бевиза ва боз шудани сарҳадҳои давлатӣ, ки чандин сол баста буданд, барои таҳкими робитаҳои ҳамсоягӣ хидмат мекунанд.
Соли гузашта Ӯзбекистон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Регар шӯъбаи донишгоҳ ва мактаби таълими умумӣ сохт ва барои баҳрабардорӣ супурд. Имсол Тоҷикистон дар ноҳияи Ургут мактаби замонавӣ бунёд кард.
Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят бо истифода аз чунин имкониятҳо барои нашри асарҳои адибони тоҷику ӯзбек, ки дар роҳи таҳкими дӯстӣ, анъанаҳои нек, инсондӯстӣ, рушди робитаҳои адабӣ хидмат мекунанд, эътибори махсус медиҳад. Китобҳои «Саодати дӯстӣ», «Айнишунослик Самарқандда», «Сӣ гуфтор аз сӣ тор», «Армуғон», «Субҳ ба хайр» аз ин ҷумлаанд.
Маркази мо то поёни сол китоби «Наврӯз дар шеъри Аҷам» ва тарҷумаи асари «Дафтар ҳошиясидаги битиклар»-и Ӯткир Ҳошимовро чоп хоҳад кард.
Ҳамчунин, бо ташаббуси марказ аз оғози сол то ба ҳол шабҳои эҷодии олимони адабиётшинос Холиқ Мирзозода, Садри Саъдиев, шоирон Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода, ҳофиз Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ва дигарон баргузор шуд.
Боиси хушбахтист, ки рӯзи 21‑уми марти соли равон дар чорчӯби ҷашни Наврӯз дар шаҳри Самарқанд «Хонаи дӯстӣ» боз шуд.
Дар ин марказ ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷорӣ ва 11 маркази миллӣ-­маданӣ ҷойгир шуданд. Имрӯз ҳамаи мо дар ин бино мисли як оилаи ҳақиқӣ дар роҳи тараққиёти Ӯзбекистони азиз ва фаровонии мардум кор мекунем. Ин ташаббус як муҷассамаи маънавии дӯстии ҷовидонаи халқҳо дар кишвари мо аст.

Акбар МАҲМУДОВ, роҳбари Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ