Тадбиркорӣ дар майдони истироҳатӣ

ё худ муаммои хурде, ки боиси ташвиш мегардад

Ҳоло барои фароҳам овардани майдонҳои фароғатию истироҳатӣ аз тарафи ҳукумати шаҳр чӣ қадар саъйу кӯшишҳо ба харҷ бурда истодаанд. Боғҳои истироҳатӣ, майдонҳои истироҳатӣ, ҳавзҳои шиноварӣ барои эҳтиёҷи мардум хизмат мекунанд. Мутаасифона баъзе тадбиркорон, ҷойҳои истироҳатиро ба нуқтаи савдо табдил дода, барои эҳтиёҷи худ истифода мебаранд. Ҷойе, ки барои истироҳати сокинони шаҳр, сайёҳон омода шудааст, ба нуқтаи савдо табдил додаанд. Барои мисол майдони Регистон, кӯчаи И. Каримов барои сайру гашт ва истироҳати сайёҳону меҳмонони шаҳр омода карда шудааст. 4–5 сол пеш аз ин дар ин кӯча ғайр аз 3–4 электромобил дигар ягон намуди нақлиёт набуд. Он ҳам бошад барои наздик намудан ва осон кардани мушкили сайёҳон гузошта шудааст. Ҳоло бошад ин майдон ба маркази бизнес мубаддал гаштааст. Ҳақиқат ин, ки соҳибкорон майдони Регистон ва кӯчаи И. Каримовро ба майдони савдо, майдони пойгаи дучархаҳо табдил додаанд. Дар нақлиётҳое (дучарха, мотосикл, скутер ва ғ.), ки барои иҷора омода карда шудааст, ба қоидаҳои санитарӣ–гигиенӣ пурра риоя карда намешавад. Илова бар ин, масофаи байниҳамдигарӣ, риояи ҳаракати бехавфии транспортҳои мазкур ба назар гирифта нашудааст. Аз ҳамин сабаб чандто ҳолатҳои нохуш аз қабили ҷароҳати тан, беҳушшавӣ, стресс рӯй додааст. Дар асл майдонҳои истироҳатӣ аз чунин ҳолатҳо дур буданаш лозим.
Аҷаб не, ки чандин нафар аз пушти ин бизнес манфиатдор бошанд! Оё аз зарари он низ боре фикр мекарда бошанд? Мақсад аз рӯи коғаз овардани ин мавзӯ ба тартиб овардани ҳаракати транспортҳои майдонҳои истироҳатӣ, таҳқиқи онҳо, тарзи истифодабарӣ ва ҳолати гигиении он мебошад. Боварӣ дорем, ки мутасаддиён ба зудӣ пеши роҳи ин муамморо мегиранд ва ин ҳолат зуд бартараф мешавад. То, ки як муаммои хурд боиси ташвиши зиёд нагардад.

Н.БОБОАҲМАД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ