«Овози Самарқанд» – тарғибгари дӯстӣ

Рӯзномаи «Овози Самарқанд» тӯли фаъолияти 30‑солаи худ барои мустаҳкам намудани дӯстӣ, ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардидааст. Ба хусус, тӯли чор соли охир рӯзнома барои мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои бародар бисёр чорабиниҳо гузаронд. Дар замири ҳар як тадбире, ки рӯзнома бо ҳамкории ташкилотҳову идораҳои давлатӣ ва нодавлатӣ ва Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонон мегузаронад, танҳо устувор намудани алоқаҳо байни мардуми гуногунмиллати кишварамон нуҳуфтааст. Аз ҷумла, таҳририяти рӯзнома аз соли 2018 то имрӯз чунин тадбирҳоро амалӣ карда, сазовори дастовардҳо шудааст.

Соли 2018
Комёбии муҳимтарини рӯзнома дар тӯли фаъо­лияти сисола соҳиби ҷоизаи XIII-умин озмуни байналмилалии «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») гардидани он мебошад. Соли 2018 ҷамоаи рӯзнома дар ин озмун иштирок карда, барои гузоштани саҳми арзанда дар инъикос намудани ислоҳоте, ки дар соҳаҳои гуногун амалӣ мегарданд ва тарғиби дӯстиву ҳамҷиҳатии миллатҳо аз рӯйи равияи «Беҳтарин маводи журналистӣ дар матбуоти даврӣ» ҷой гирифтанд.
Кормандони рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба таври мунтазам дар озмуни «Энг улуғ, энг азиз!» иштирок карда, ҷойҳои фахриро сазовор мегарданд. Аз ҷумла, соли 2018 дар озмуни «Энг улуғ, энг азиз!» аз рӯйи самти «Асарҳои бадеии шоиру нависандагон» бо китоби «Саодати дӯстӣ», иштирок намуда, ҷойи дуввумро сазовор гардиданд. Дар анҷоми сол бо мақсади тараннуми тараққиёти имрӯзаи Ватан, имконият ва дастовардҳо, шукуфоии шаҳри қадимаву ҳамешаҷавони Самарқанд бо ҳамкории Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят озмуни «Сайқали Замин» гузаронида шуд.
Боз яке аз воқеаҳои муҳими ҳаёти рӯзнома вобаста ба ин сол, дар назди рӯзнома бо ёрии сарпарастон ба роҳ монда шудани фаъолияти шабакаи иҷтимоӣ ва сайти ovozi.uz мебошад. Дар он то ҳол рӯйдодҳои муҳими кишварамон саривақтӣ эълон мегардад.

Соли 2019
Дар аввали соли 2019 ғолибони озмуни «Сайқали Замин», ки аз рӯйи самтҳои «Шеъри беҳтарин» ва «Ҳикояи беҳтарин» муайян гардида буданд, мукофотонида шуданд.
Дар моҳи майи соли 2019, зодрӯзи шоири оташқалб Лоиқ Шералӣ ҷашн гирифта шуд.
Бахшида ба 1‑уми июн – Рӯзи байналхалқии ҳифзи бачагон ва зодрӯзи шоира Маҳбуба Неъматзода бо ташаббуси таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд», Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва ДДС тадбири адабӣ гузаронида шуд.
Рӯзи 11‑уми июн аъзои ҳайати расонаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон ба Хонаи матбуоти вилоят ташриф намуданд. Дар он масъалаҳои ҳамкорӣ, рушди минбаъдаи муносибатҳо дар соҳаи журналистика ва ғайра муҳокима гардид.
Соли 2019 аҳли таҳририят анъанаи чопи китобҳоро давом дода, бо ҳамкории Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд таҳти рукни «Китобхонаи «Овози Самарқанд» китобҳои «Айнишиносӣ дар Самарқанд» – «Самарқандда Айнийшунослик» ва маҷмӯаи насрнависон бо номи «30 гуфтор аз сӣ тор»-ро дар ҳамкории Маркази миллию мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд чоп карданд.
Тақдимоти китоби «Айнишиносӣ дар Самарқанд» 21‑уми июн дар факултети таълими томактабии Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дар пеши муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар доираи тадбир ғолибони озмуни «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт» дар риштаи маводи беҳтарин низ мукофотонида шуданд. Бояд қайд намуд, ки озмун бо ҳамкории Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва шӯъбаи Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон роҳандозӣ шуд.
Инчунин, дар ин сол аксияи «Матбуот ва маҳалла» ҳамчун тарғиботи рӯзномахонӣ дар байни насли ҷавон ва побарҷо намудани алоқаҳои дӯстиву рафоқат дар байни маҳаллаҳои гуногунмиллат дар зиёда аз 50 маҳаллаи шаҳри Самарқанд гузаронида шуд.

Моҳи сентябр дар маҷмӯаи варзишии «Афросиёб»-и шаҳри Самарқанд бо мақсади таъмини иҷрои яке аз панҷ ташаббуси муҳими аз тарафи сарвари давлат пешниҳодгардида, ки ба масоили фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи ҷисмонии ҷавонон, намоён кардани қобилияти варзишии онҳо равона карда шудааст, бо ташаббуси рӯзнома ба муносибати 30‑солагии ташкил гардидани «Овози Самарқанд» ва Рӯзи муаллим ва мураббиён аз рӯи навъи «фудокан каратэ-дои» варзиш турнири ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд. Дар он беш аз 300 нафар варзишгарони ҷавони мамлакат иштирок карданд.
Дар моҳи ноябри ҳамон сол таҳририяти рӯзнома барои муштариён озмуни «Дӯстиро месароем»-ро эълон кард, ки ғолибони ин озмун дар арафаи ҷашни сисолагӣ муайян карда шуданд.

Соли 2020
«Овози Самарқанд» ба минбари тарбияи маънавияти ҷавонон табдил ёфта, дар он мақолаҳои донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии вилоят, ки одамро ба мулоҳиза намудан, бедорфикрӣ водор месозанд, нашр мегардад. Дар ин сол оиди таҷлили 30‑солагии таъсиси рӯзномаи «Овози Самарқанд» қарори ҳокими вилоят қабул гардид. Бояд гуфт, ки истиқболи 30‑юмин солгарди таъсиси рӯзнома тадбири маъмулӣ набуд. Мақсад аз таҷлили он баррасии таърихи сисола, бурду бохти таҳририят, тарғиби рӯзнома байни мардум, боз ҳам маъруф ва маҳбубтари ҳамагон кардани «Овози Самарқанд» буд. 30‑юмин солгарди таъсиси «Овози Самарқанд» бо ҳамкории муассиси рӯзнома, шуъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, садорати ахбор ва коммуникатсияи оммавии вилоят ва ҳайати таҳририя 15‑уми январ дар толори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҳамоиш ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорони соҳа, муштариёни нашрия ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ҳузур доштанд.
– Дастовардҳои солҳои охири ҷамоаи таҳририят баробари аҳли ҷамоатӣ моро низ хурсанд мекунад, – гуфт дар тадбир ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов. – Аз тарафи ҳайати таҳрир зери рукни аз «Китобхонаи «Овози Самарқанд» чоп шудани китоби «Саодати дӯстӣ», ки аз намунаҳои тарҷумаи шеъри замонавии ӯзбек иборат аст, инчунин, соли 2019 китоби «Самарқандда Айнийшунослик – Айнишиносӣ дар Самарқанд», ки иборат аз мақолаҳо дар бораи мероси маънавӣ ва илмии Садриддин Айнӣ аст, барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳо байни халқҳои бародар хизмат менамояд.
Таҳририят китобҳои нави худ «Овози Самарқанд: «дирӯз ва имрӯз», «30 гуфтор аз 30 тор» ва «30 номаи рӯзнома»-ро таҳти рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд» чоп кард. Китоби тозанашр аз дирӯз ва имрӯзи фаъолияти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ҳикоя карда, гузашта ва фаъолияти кунунии таҳририятро пеши назари мутолиакунанда чун оина намоён менамояд. Тақдимоти ин китобҳо бо сабаби паҳншавии пандемияи коронавирус дар кишвар ба таври онлайн – тавассути барномаи интернетии ZOOM гузаронида шуданд.
Рӯзи 18‑уми октябри соли 2020 дар назди ҳайкали Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоии шаҳри Самарқанд бо ҳамкории шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва рӯзномаи «Овози Самарқанд» бахшида ба Рӯзи шаҳри Самарқанд тадбир баргузор гардид. Байни эҷодкорони ӯзбеку тоҷики самарқандӣ дар мавзӯи «Самарқанд – гавҳари Шарқ» мушоират ташкил карда шуд.
Инчунин, боз як санаи муҳими ин сол чопи 3000‑умин шумораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» мебошад, ки 14‑уми ноябр дар Хонаи матбуоти вилоят ба таври васеъ ҷашн гирифта шуд.
Рӯзи 24‑уми декабр дар маркази ахбор-­китобхонаи ба номи А. Пушкини вилоят бо ташаббуси рӯзнома дар ҳамкорӣ бо Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ба муносибати 105‑солагии шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ таҳти мавзӯи «Ишқи Ватан дар дилам…» тадбири адабӣ баргузор гардид.

Соли 2021
Боз як тадбири рӯзномаи «Овози Самарқанд» рӯзи 13‑уми марти соли 2021 дар маркази ахбор-­китобхонаи ба номи А. Пушкини вилоят дар ҳамкорӣ бо Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ба муносибати 110‑солагии шоир, нависанда, драматург, забоншинос ва арбоби давлат, фарзанди Самарқанд – Абдусалом Деҳотӣ гузаронида шуд.
Дар тадбире, ки бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ташаккули эҳсоси шукронагӣ дар дили ҷавонон ва тарғиби эҷоди шоир миёни наврасон гузаронида шуд, шоир ва нависандагон, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, хонандагон ва вакилони ахбори оммавӣ иштирок карданд.
1‑уми майи соли равон дар Хона-музейи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси рӯзнома ва Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонон ба муносибати 110‑солагии шоири маҳбуб ва сулҳпарвар Мирзо Турсунзода тадбири адабӣ баргузор гардид.
Инчунин, дар ин моҳ ба муносибати рӯзи Хотира ва қадршиносӣ дар хона-музейи ҳофизи маъруфӣ самарқандӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов шаби назму наво бо унвони «Ушшоқи Самарқанд» баргузор гардид.
Рӯзи 20‑уми май дар Осорхонаи кишваршиносии шаҳри Самарқанд таҳти унвони «Некӣ бимонад ҷовидон…» тадбири фарҳангӣ бахшида ба 80‑солагии шоири маъруф ва маҳбуб, устод Лоиқ Шералӣ гузашт.
«Овози Самарқанд» дар баробари ин тадбирҳо барои пойдор намудани алоқаҳои дӯстиву рафоқат дар саҳифаҳои худ рукнҳои «Баёзи дӯстӣ», «Дӯстӣ», «Шукрона», «Саодати дӯстӣ» ва ғайраро ташкил намуда, дар онҳо аз ҳаёти миллатҳои бародар, аз эҷоди шоиру нависандагони онҳо намунаҳо гузошта, пешкаши хонандагон мегардонанд.
«Овози Самарқанд» рамзи барҷастаи муносибати некӯ ба забон, урфу одатҳои халқиятҳо ва миллатҳои дигари мамлакат мебошад ва ҷовидон минбари дӯстии байни халқҳои тоҷику ӯзбек хоҳад монд.

Шаҳзод Кенҷаев

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ