Хонаву ҷой ба 26 нафар тарбиятёфтаи хонаи меҳрубонӣ

Имрӯз 26 нафар тарбиятёфтаи хонаҳои меҳрубонии шаҳр ва ноҳияҳои Самарқанд соҳиби хона шуданд.
Аз ҷумла, ба 10 нафар тарбиятёфта аз бинои бисёрошёни ноҳияи Ҷомбой хона доданд. Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар маросими хонасупорӣ иштирок кард ва онҳоро ба муносибати соҳиби хона шудан табрик намуд.
Ба гуфтаи ҳокими вилоят, имсол дар вилоят бояд 59 нафар ятим бо хона таъмин мегардид. Аммо дар натиҷаи омӯхтани вазъият маълум шуд, ки шумори чунин ҷавонон 84 нафар аст. Ба ин далел, бо 6 миллиард сӯми тадбиркорони саховатпеша хонаҳои нав сохтем ва ҳоло ба 26 нафари онҳо месупорем. То 1 октябри соли ҷорӣ 58 нафар ҷавони боқимонда низ бо хонаҳо таъмин мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ