Шумори истеъмолчиён ва фонди гази табиӣ зиёд шудаанд

Таъминоти аҳолӣ бо газ, бефосила расондани он, пардохти саривақтии музди газ ва сарфаи он сол аз сол беҳтар мегардад. Чунки баробари дигар соҳаҳо дар хоҷагии гази вилоят низ ислоҳотҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, ҳоло дар вилоятамон садҳо биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ қад рост мекунанд. Президент ва ҳукумати мамлакат барои беҳдошти тарзи зисти аҳолӣ, тамоми сол бо як меъёр таъмин кардани истеъмолчиён бо гази табиӣ чораҳое диданд, ки дар натиҷаи онҳо фонди гази табиие, ки ба истеъмолчиён расонда мешавад, нисбати соли 2016 ба 403 миллиону 172 ҳазор метри мукааб зиёд шуд. Яъне, агар соли 2016 ба истеъмолчиён 1 миллиарду 203 миллиону 693 ҳазор метри мукааб гази табиӣ дода бошанд, ҳоло ҳар сол қариб 1 миллиарду 610 миллион метри мукааб гази табиӣ расонда мешавад. Инчунин, дар вилоят шумораи истеъмолчиёни гази табиӣ нисбати соли 2016 ба 53021 нафар афзуд. Яъне, дар соли 2016 шумораи онҳо 255766 нафар бошанд, ҳоло 308787 нафаранд.
Дар вилояти Самарқанд баробари мавзеъҳое, ки гази табиӣ расонда мешаванд, ба 487105 нафар истеъмолчии 815‑то маҳалла аз сабаби набудани имконияти техникӣ гази табиӣ расонда намешавад.
Бинобар ин ба истеъмолчиёни мазкур гази моеъро бо нархҳои имтиёзнок расонда медиҳанд. Дар панҷ соли охир дар Самарқанд шумори истеъмолчиёни гази моеъ 311658‑то хонадонро ташкил карда бошад, ҳоло шумори онҳо ба 487105‑то хонадон баробар шуд.
Аз соли равон ҶС «Hududgaz ta’minot» дар ҷумҳурияти мо дар ҳисобу китоби гази моеъ сохтори автоматикӣ ҷорӣ мекунад. Он барои истеъмолчӣ ва таъминотчӣ баробар муфид буда, ба нофаҳмиҳои гуногун дар расондани гази моеъ ва пардохти музди он барҳам медиҳад. То ҳол дар вилояти Самарқанд ба ҳамаи баллонҳои гази моеъ стикерҳои штрих коддори махсус гузоштанд ва ба 411412‑то истеъмолчӣ ID-картаҳо доданд.
Дар шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғони вилоятамон фурӯши гази моеъ пурра ба воситаи ID-картаҳо ба роҳ монда шуд. Дар ноҳияҳои дигар ID-картаҳоро ба тариқи таҷриба дар дутогӣ маҳаллаҳо ба муомила бароварданд. Ҳоло корҳо барои дар ҳамаи маҳаллаҳои вилоят зина ба зина пурра ба ин усул гузаштан давом дорад. Дар 6 моҳи соли равон ба истеъмолчиён дар 1937181‑то баллонҳои гази моеъ 38743,620 тонна гази моеъ дода, нақша 100 фоиз иҷро шуд.
Бар асоси қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 24‑уми сентябри соли 2020 «Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба амалӣ кардани лоиҳаи роҳандозӣ кардани сохтори автоматикии назорат ва ҳисоби гази табиӣ» ба хонадонҳои вилояти Самарқанд корҳои гузоштани ҳисобкунакҳои электронии гази табиӣ давом доранд.
То ҳол дар вилоят дар хонадони 76765 истеъмолчӣ ҳисобкунакҳои «ақлнок»-и газ гузоштанд. 71891‑то истеъмолчӣ ба барномаи «Billing Gaz» пайваст карда шуд.
Дар 6 моҳи соли 2021 ба хонадони 55764 нафар аҳолӣ ҳисобкунакҳои «ақлнок»-и газ гузоштанд. 54393‑то ҳисобкунак ба барномаи «Billing Gaz» васл гардид.
Дар минтақаҳои «сурх»-и вилояти Самарқанд, ки то мои июни соли равон аз гази табиӣ қарзҳои калон доштанд, аз ҷумла, ба хонадони истеъмолчиёни гази табиӣ дар шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон, инчунин, ноҳияи Нуробод ҳисобкунакҳои «ақлнок» мегузоштанд. Аз моҳи июн дар ноҳияҳои дигар низ гузоштани ҳисобкунакҳои ақлнок оғоз гардид.
Ҳоло дар вилоят гузоштани ҳисобкунакҳои «ақлнок» давом дорад. Ба ин кор қариб 160‑то гурӯҳ ҷалб карда шудааст.
Баъди ба хонадони истеъмолчиёни вилояти Самарқанд пурра гузошта шудани ҳисобкунакҳои «ақлнок» назорат, пардохти музд ва сарфаи гази табиӣ беҳтар шуда, қарздории истеъмолчиёни гази табиӣ аз пардохти музди он кам мешавад, албатта.

Олим ИСАҚУЛОВ,
директори филиали таъминоти гази «Hududgaz Samarqand».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ