Паҳншавии коронавирус дар Ӯзбекистон суръат мегирад


Бино ба хабари вазорати ҳифзи тандурустӣ, рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 843 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 556 ҳолати сирояти илтиҳоби шуш (пневмония) сабт шуд.
Шумори умумии ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 126 627 нафар расид.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта 8 нафар бемор бар асари коронавирус даргузашт.
Рӯзи гузашта дар Самарқанд 85 нафар мубталои коронавирус шуданд, 158 нафар шифо ёфтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ