“France Football” имсол дуто «Тӯби тиллоӣ» месупорад!

Маҷаллаи маъруфи варзишии France Football эълон кард, ки соли 2021 якбора ду ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» супурда мешавад. Дар ин бора сайти sports.ru хабар дод.

“France Football” соли гузашта ба далели пандемия ҷоизаро ба беҳтари футболбози мавсим насупурда буд ва ба ҳамин далел аҳд кард, ки имсол беҳтаринҳои солҳои 2020 ва 2021-ро муайян мекунад.
Ба эҳтимоли қавӣ, ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» барои соли 2020 ба ҳуҷумгари «Бавария» Роберт Левандовски насиб мекунад. Имсол ситораи «Барселона» ва дастаи миллии Аргентина Лионел Месси ҳамчун довталаби асосӣ барои ҷоиза эътироф шудааст.
Месси соли 2019 низ ин ҷоизаро аз они худ карда буд.
Маросими ҷоизасупорӣ 5 декабри соли 2021 дар Париж баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ