Дар ноҳияи Самарқанд фиребгаре, ки ба Исроил барои кор фиристоданро ваъда карда буд, дастгир гардид


Шӯъбаи Департаменти назди Сарпрокуратура дар ноҳияи Самарқанд аз рӯйи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон санҷишҳо мегузаронад. Дар яке аз санҷишҳо маълум гардид, ки шаҳрванди ноҳия Ш.Н. ба ивази барои кор ба давлати Исроил фиристондан аз шаҳрванд Д. 10000 доллари амрикоӣ гирифтааст. Сонитар 6000 доллари онро баргардонда, ба ивази 4000 доллар ба давлати Австралия барои кор фиристонданро ваъда дода, пулро баргардонда надодааст.
Аз рӯйи ҳолати мазкур бо моддаи 168-и Кодекси ҷиноӣ (фиребдиҳӣ) парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, ҳаракатҳои ҷустуҷӯӣ бурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ