Арабистони Саудӣ барои хориҷиён ҳаҷи умраро иҷозат дод: ба киҳо ва аз кай

Ҳукумати Арабистони Саудӣ ахиран барои хориҷиён ҳаҷи хурд ва ё умраро иҷозат дод, хабар медиҳад Gulf News.
Бар хабари манбаъ, қабули зиёратчиён аз 10-уми август шурӯъ мешавад. Барои мусалмонони хоҳишманди ҳаҷ зарур аст, ки бо яке аз ваксинҳое чун Pfizer, Moderna, Johnson&Johnson, AstraZeneca эм дошта бошанд ва ё ташхиси сиҳат будан аз коронавирусро пешниҳод кунанд.
Илова бар ин, зоирон аснои вуруд шудан ба Арабистони Саудӣ бояд ҳатман ба қарантин раванд ва пас аз он ташхиси такрориро месупоранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷи акбар имсол аз 17 то 22-уми июл сурат гирифт. Мисли соли гузашта, танҳо сокинони Арабистони Саудӣ ва хориҷиёне, ки дар ин кишвар иқомат мекунанд, ҳаққи зиёрати хонаи Худоро доштанду халос.
Инҳо ҳам сокинони аз 18 то 65 — сола буданд, ки алайҳи маризии коронавирус ваксинзанӣ шудаанд.
Барои боқимондаҳо ба ҷо овардани ҳаҷ номумкин буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ