Вазирони мудофиаи давлатҳои узви СҲШ дар Тоҷикистон ҷамъ омаданд

Имрӯз, 28-уми июл вазирони мудофиаи Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон, Дабири кулли СҲШ барои ширкат дар ҷаласаи кишварҳои узви СҲШ ба Душанбе омаданд.

Ба иттилои «Азия-плюс», нишасти ҳайати мазкур таҳти роҳбарии Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо сурат мегирад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир шуд.

Вазирон инчунин макон ва таърихи баргузории машқҳои муштараки низомӣ бо номи «Рисолати сулҳовар-2021” (Мирная миссия-2021)-ро мувофиқа месозанд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа Эъломияи Душанбе қабул мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ