Шомуродов узви «Рома» шуд!


Рӯзноманигори машҳури варзишӣ Николо Скира дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи гузаштани Элдор Шомуродов аз “Ҷеноа”-и Генуя ба “Рома”-и Рим хабар дод. Дар ин бора сайти championat.asia навишт.
Ба гуфтаи вай Скира, дастаи машҳури Рим масъалаи трансфери Шомуродовро ҳал кардааст ва ин хабар ба зудӣ ба сурати расмӣ эълон мегардад.
“Рома” ҳуҷумгари Ӯзбекистонро то соли 2026 иҷора гирифт. Ҳамчунин, “Рома” ҳуқуқи хариди Элдорро ба ивази 16 миллион евро дорад.
Ёдовар мешавем, Шомуродови 26-сола соли гузашта ба ивази 7,5 миллион евро аз “Ростов”-и Русия ба “Ҷеноа” гузашта буд.
Ӯ дар таркиби “Ҷеноа” дар 32 бозӣ 8 гол зад ва 2 паси головарро анҷом дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ