Бузургтарин ёқути кабуди ҷаҳон дар Шри-Ланка пайдо шуд

Бузургтарини санги ёқути кабуди ҷаҳон дар ҳавлии хонае дар минтақаи Ратнапураи Шри-Ланка пайдо шуд.

Ба гузориши “Би-Би-Си”, санги ёқути кабуд тавассути соҳиби хона ҳангоми ҳафри чоҳ дар ҳавлии хонааш кашф шудааст.

Коршиносон арзиши тахминии ин санг, ки ҳудудан 510 килограмм вазн дорадро 100 миллион доллар баровард карданд.

Доктор Гомини Зуисо, коршиноси сангҳои қиматӣ изҳор дошт, ки ин санг ҳудудан 400 миллион сола аст.

Шри-Ланка аз муҳиммтарин содиркунандагони ёқути кабуд ва сангҳои қиматии ҷаҳон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ