Дар Рӯзи истиқлолият дар Хива меҳмонхонаи панҷситорадор кушода мешавад

Дар Хива корҳои сохтмониву васлкунии меҳмонхонаи нави панҷситорадори «Фаровон» ҳамчун тӯҳфа ба ҷашни истиқлолият босуръат идома доранд.

Меҳмонхона аз се ошёна иборат буда, барои 100 номер пешбинӣ шудааст. Арзиши лоиҳаи масоҳати умумиаш 12,1 гектар ва майдони зеризаминиаш 1 гектар 40 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 15 миллиони инро ташаббускорони лоиҳа ҶММ «Фаровон меҳмонхонаси» маблағгузорӣ намудаанд, қисми боқимонда — 25 миллион доллар аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ пӯшонда мешаванд.

ҶММ «Eyvalek_Tehnology» ташкилоти лоиҳакашӣ буда, фармоишгар ҶММ «Фаровон меҳмонхонаси» мебошад. Барои ороиши дохилӣ ва берунии он аз мармари дар кишварамон истихроҷшуда истифода мешавад.

«Дар ҷараёни сохтмон, ки дар шаҳри Хива ҷараён дорад, ба корҳои сохтмону васлкунӣ, меъмории биноҳо, ороиши дохилӣ ва берунӣ, хусусиятҳои манзаравӣ диққати махсус додан лозим аст, то ки бинои нави меҳмонхона ба иншооти дараҷаи баланди ҷавобгӯи андозаҳои ҷаҳонӣ табдил ёбад» — гуфт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон — вазири сайёҳӣ ва варзиш Азиз Абдуҳакимов.

Интизор меравад, ки меҳмонхонаи «Фаровон» дар арафаи 30-солагии истиқлолияти кишварамон ба истифода дода шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ