Фоидаи олуи сиёҳ ба танаи инсон


Олуи сиёҳ аз минералҳо бой мебошад, ки дар таркибаш моддаи фоидаовари калий, антиоксидантҳо дорад. Калорияи олуи сиёҳ кам аст. Аз ин рӯ, он миқдори қанди хунро боло намебардорад. Дар бораи хусусиятҳои олуи сиёҳ маълумот меорем:

  • дилро пурқувват мекунад;
  • дар ҷараёни ҳазми таом фаъол иштирок менамояд;
  • бемории саратонро пешгирӣ мекунад;
  • гардиши хунро беҳ месозад;
  • миқдори равған (холестирин)-и хунро кам мекунад;
  • ҳолати пӯсти одамро беҳ мекунад;
  • хориши баданро нест мекунад;
  • барои устухонҳо фоидаовар аст;
  • сабзиши мӯйи сарро беҳ месозад;
  • иммунитети одамро баланд мекунад;
    Мизоҷи олуи сиёҳ дар дараҷаи якум хунук ва дар дараҷаи дуюм тар аст.
    Истеъмоли зиёди мева ба баъзе одамон таъсири манфӣ мерасонад. Одамоне, ки ба диарея (дарунравӣ) мойиланд, дар истеъмоли мева бояд эҳтиёткор бошанд.
    Таҳияи Ҷ.ПУРАСРОР.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ