Шаш сабаб барои нӯшидани чойи пудинагӣ

  1. Таъсири судманд ба системаи ҳозима
    Пудина метавонад дам шудани шикам ва ихтилоли ҳозимаро пешгирӣ кунад. Усораи он узвҳоро ором мекунад, дардҳо ва спазмҳоро таскин медиҳад. Пас аз 4 ҳафтаи истеъмоли чойи пудинагӣ нишонаҳои норасоии ҳозима тақрибан 40 фоиз коҳиш меёбад. Илова бар ин, капсулаҳои пудинагӣ аз дилбеҳузурӣ дар онҳое, ки аз химиотерапия мегузаранд пешгирӣ мекунад, аммо барои ҳар касе, ки бо сабабҳои дигар дилбеҳузур мешаванд, ин хеле муфид хоҳад буд.
  2. Кам кардани дарди сар ва мигрен
    Азбаски пудина мушакҳоро суст мекунад ва шиддатро рафъ мекунад, он метавонад дар мубориза ба баъзе намудҳои дарди сар ёрдамчии вафодори шумо бошад. Равғани пудинаро ба ду чакка молидан беҳтар аст, зеро он метавонад фишори хунро баланд кунад. Аммо барои ҳар касе, ки аз фишори хун азият мекашад, чойи пудинагӣ роҳи ҳалли хубест.
  3. Заряди энергия
    Таҳқиқот дар бораи чой бо ин компонент нишон дод, ки он метавонад ба системаи асаб таъсири мусбат расонад, сатҳи энергияро афзоиш диҳад ва хоби рӯзонаро пешгирӣ кунад.
  4. Барои гум кардани вазн кӯмак мекунад
    Чойи пудинагӣ таъми ширини тароватбахш дорад ва аз калорияҳо ва кофеин иборат нест. Илова бар ин, чойи пудинагӣ метавонад иштиҳоро каме коҳиш диҳад, ки ин дар мубориза бар зидди килоҳои зиёдатӣ муҳим аст.
  5. Беҳтар кардани консентратсия
    Барои онҳое, ки дар консентратсия душворӣ мекашанд, чойи пудинагӣ кӯмаки бебаҳо хоҳад шуд. Пудина инчунин ба хотира ва суръати вокуниш таъсири мусбат мерасонад.
  6. Мубориза бо сироятҳои бактериявӣ
    Пудина метавонад ҳамчун кӯмак дар мубориза бо бактерияҳои муайян, аз ҷумла стафилококк, салмонелла ва листерия истифода шавад. Пудина афзоиши микроорганизмҳоро пешгирӣ мекунад ва инчунин қобилияти қисман дезинфексия кардани даҳонро дорад ва ба нафаскашӣ таъсири хуб мерасонад.
    Тарҷимаи Лола РАҲИМОВА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ