30-юми июл — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди савдои одам


30-юми июл аз ҷониби СММ рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди савдои одам эълон карда шудааст. Мутаассифона, ҳар сол миллионҳо нафар одамон қурбони ин иллат мешаванд. Дар байни онҳо занон, пирон ва ҳатто кӯдакон ҳастанд.
Бино ба маълумоти СММ, ҳар сол дар дунё беш аз 2 миллион нафар инсон қурбони савдои одам мегарданд. Дар натиҷаи ин ҷиноят, даромади ба даст омада дар дунё аз 7 миллиард доллари амрикоӣ афзудааст. 80 фоизи қурбоншудагонро зан ва бачаҳо ташкил мекунад. Ҳар сол 600-800 ҳазор нафар зан ва бачаҳоро бо роҳи фиреб ба мамлакатҳои хориҷӣ бурда мефурӯшанд. Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои пурдолузарб ин пешгирии савдои одам ва муборизаи шадид бурдан бар зидди он мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ