МАРДИ СОҲИБДИЛ ВА СОҲИБМАЪРИФАТ


Унсуралмаолии Кайковус дар «Қобуснома»-и худ аз хусуси ситоиши шахс андешаронӣ карда навиштааст: «Мадҳ чун гўӣ, қадри мамдўҳ бидон. Касеро, ки ҳаргиз корде бар миён набаста бошад, магўй, ки: «Ту ба шамшер шерафканӣ ва ба найза кўҳи Бесутун ва ба тир мўйшикофӣ. Ва он ки ҳаргиз бар чизе нанишаста бошад, аспи ўро ба Дулдулу Буроқ ва Рахшу Шабдез монанд макун».
Мақсад аз овардани порчаи мазкур зикри андаке аз рўзгору рафтор, фаъолияти адабиётшиносиву мунаққидӣ, одамияту фазилати нотакрори шахсест, ки воқеан арзандаи ситоиш аст. Ў дар радифи инсонҳое қарор дорад, ки рўзгори хешро бидуни маърифат ва шинохти асолати зиндагонии маънавӣ тасаввур карда наметавонад. Аз дидори аввал зуд эҳсос мекунед, ки вуҷуди ўро аз донишу ҳикмат сириштаанд ва таъсири ҳамин хислати олимонаи ў дар навиштаҳояш, хоса дар сабки баёнаш хеле равшан ба назар мерасад. Ин шахс олими адабиётшинос ва мунаққиди шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010), Аълочии маорифи халқи Ўзбекистон (2016) устоди меҳрубон, доктори илмҳои филологӣ (2008), профессор (2012), Ҷумъақул Ҳамроев аст, ки бо олами ѓанию рангини маънавияш, соҳибназариву соҳибмаърифатияш дар байни олимону шоирони дохиливу хориҷӣ, дўсту рафиқон ва ҷамоаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мақоми шоистае пайдо кардааст.


Устоди арҷманд 30 июли соли 1947 дар деҳаи Сангмўлаи ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон, дар хонадони Қараев Ҳамроҳ ва Рустамова Барфӣ ба дунё омадааст. Муҳаббат нисбат ба илму маърифат ўро ба Самарқанд овардааст. Ў солҳои 1964-1969 донишҷўи боргоҳи маърифати олӣ-Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардидааст. Баъди хатми Донишгоҳ аз соли 1973 то 1 сентябри соли 1977 дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд аввал ба вазифаи корманди хурди илмӣ ва баъдтар корманди калони илмӣ ва мудири шўъба фаъолият намуда, ҳамзамон, яъне аз соли 1971 чун ҳамкор аз забону адабиёти тоҷик дарс мегўяд. Метавон гуфт, ки устодро мутолиаи китоб ва дастхатҳои бисёри китобхона ба камол расонд ва шавқу ҳаваси ў нисбат ба илму адаб дучанд гардид. Ў аз соли 1979 ба кафедраи адабиёти тоҷикии ДДС ба кор омада, паси ҳам ба вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсент, профессор фаъолият мебарад. Аз 8 январи соли 2001 ўро ба вазифаи декани факултети филологияи тоҷикии ҳамин Донишгоҳ таъйин менамоянд. Ин вазифаи пурмасъулиятро то соли 2012 идома медиҳад ва барои таҳкими илму таълим ва ҳамкории донишкадаву Донишгоҳҳо бо факултети суханшиносии тоҷикии ДДС нақши муайян мегузорад. Имрўзҳо дар вазифаи мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд кор мекунад.
Вале аз ҳама муҳим он аст, ки Ҷумъақул Ҳамроев ҳамчун мунаққид ва адабиётшинос бо мақолаву рисолаҳои пурарзишаш дар муҳити маънавии мо таъсир, нуфуз ва мақоми шоён дорад. Дар фаъолияти илмии ў тадқиқу баррасии назму насри адабиёти навини тоҷик ва танқиди адабӣ мавқеи асосӣ дошта, то кунун дар ин соҳа чандин рисолаву асар ва мақолаҳои илмӣ ба нашр расонидааст ва осори илмии ў аз ҷониби муҳаққиқон баҳои сазовор гирифтааст.
Мавсуф дар мавзўъҳои «Танқиди насри солҳои шаст ва аввали ҳаштод» рисоли номзадӣ ва «Танқиди адабии тоҷик дар солҳои 60-80-и асри бист (худогоҳии танқид, танқиди назм, танқиди наср)» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, китобу рисолаҳои «Нақди Юнони кадим ва шеъри форсӣ-тоҷикӣ» (Самарқанд, 2002), «Ҷараёнҳои адабӣ» (Самарқанд, 2002), «Нақди насри бадеии тоҷикӣ» (Душанбе, 2005), «Асрори нақди адабӣ», «Адабиёт» (китоби таълимии синфи 9, Тошканд, 2005), ки дафъатан солҳои 2007,2010, 2011 ва 2012 нашр шудаанд, ҳамчунин «Нақди шеър» (Тошканд, 2006), «Таърихи танқиди адабии тоҷик» (2008) ва «Таърихи адабиёти навини тоҷик» (Китоби дарсӣ барои донишҷўёни макотиби олии бахши филологӣ, Тошканд 2015), Адабиёт» (китоби таълимии синфи 11, Тошканд, 2019), “Назарияи адабиёт” (Китоби дарсӣ барои донишҷўёни макотиби олии бахши филологӣ, Душанбе, 2020)-ро ба чоп расонидааст.

Аз оѓози фаъолияташ Ҷумъақул Ҳамроев ба масоили танқиди адабӣ бештар майл доштааст. Бесабаб нест, ки мавзўи тадқиқотии рисолаҳои номзадӣ ва докториаш низ ба омўзиши ташаккули афкори адабӣ-танқидии тоҷикии садаи ХХ (Танқиди назм, танқиди наср, худогоҳии танқид) мансуб аст. Дар тадқиқоташ мунаққид масъалаҳои нақди назму насри адабиёти тоҷикро дар солҳои 60-80 асри ХХ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба ин васила рисолаву монографияҳои “Нақди насри бадеии тоҷикӣ” (2004), “Нақди шеър” (2006), “Асрори нақди адабӣ”, “Накди Юнони кадим ва шеъри форсӣ–тоҷикӣ” ва китоби дарсии “Таърихи нақди адабии тоҷик” (2006)-ро таълиф намудааст.
Мунаққид дар монографияи “Нақди насри бадеии тоҷикӣ” (2004) “Омўзиши масъалаҳои нақди наср дар адабиётшиносии солҳои шаст то аввали солҳои ҳаштодум, таъйини нақши нақд дар омўхтани мушаххасоти умдаи ѓоявию эстетикӣ ва бадеии наср, муайян намудани мавқеи мунаққидон ва ҳалли ин ё он масъалаи адабиётшиносӣ ва таҳаввулу пешрафти афкори бадеӣ дар ташаккули афкори танқидии ҳозираи тоҷик, ҳамчунин нишон додани ин самти иҷтимоиву идеявии нақд, муайян кардани аҳаммияти амалии афкори адабию танқидӣ, баҳо додан ба дарки назариявии нақд ва жанрҳои он” –ро ҳамчун ҳадафҳои умдаи таҳқиқ мавриди баррасӣ қарор додааст.
Бояд гуфт, ки дар рисолаи мазкур бори аввал дар адабиётшиносии тоҷик масъалаҳои нақди наср дар солҳои 60-80 ва ҷамъбасти онҳо бо риояи принсипи таърихият мавриди омўзиши махсус қарор гирифтааст. Инчунин дар рисола ба монографияву мақолаҳои як қатор мунаққид ва адабиётшиносон Ш.Ҳусейнзода, И.С.Брагинский, Х.Мирзозода, Р.Амонов, Ю.Бобоев, М.Шукуров, Раҳим Ҳошим, А.Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода, Х.Отахонова, М.Муллоҷонов, М.Раҷабов, С.Табаров рўй оварда, бори аввал ба масъалаҳое аз қабили дараҷаи интишори жанрҳои нақд, инъикоси мушаххасот, ҳадафу вазифаҳои нақд дар танқиди нақд, усулҳои таҳлили осори насрӣ, махсусиятҳои қаҳрамони насри бадеӣ, образи психологӣ, маҳорати нависанда, методи эҷодӣ дахл карда шудааст, ки ҳамаи ин масъалаҳо аҳаммияти худро дар раванди ҳозираи адабӣ ҳифз кардааст.
Устоди муҳтарам Ҷумъақул Ҳамроев баъди монографияи зикршуда рисолаи дигари илмии худро бо номи“Нақди шеър” (2006) чоп кард, ки дар танқиди адабии тоҷик як қадами ҷиддӣ оид ба танқиди нақди шеъри тоҷикӣ дар солҳои 60-80 асри ХХ мебошад. Бояд гуфт, ки муҳаққиқон ва мунаққидон солҳои 60-80 асри ХХ-ро давраи пешрафт ва камоли шеъри тоҷикӣ донистаанд. Аз ин рў таҳқиқу баррасии шеъри ин давра, таҳаввулу ташаккул ва хусусиятҳои бадеии он низ шурўъ шуд ва гуфтан мумкин аст, ки танқиди адабӣ, аз ҷумла нақди шеър низ ба комёбиҳои чашмгире ноил гардидааст. Муаллифи рисола дар муқаддимаи китоб меорад, ки “дар баробари нақди махсуси наср (намунааш осори М.Шукуров, А.Набиев, Л.Демидчик, Ҷ.Бақозода ва дигарон) нақди махсуси назм (дар мисоли навиштаҳои Х.Шарифов, Аскар Ҳаким, Ю.Акбаров, А.Сатторов ва дигарон) низ ба ҷараёни адабӣ боҷуръатона дахолат карда, тамоюлҳои тозаи инкишофи адабиёт, бахусус шеърро ба қадри ҳол муайян намуд”.
Мунаққид дар рисолаи мазкур ба мақолаву асарҳои ҷудогонаи М.Шукуров, А.Сайфуллоев, Х.Шарифов, Х.Отахонова, А.Ҳаким, А.Набиев, А.Сатторов, А.Абдуманнонов, Ю.Акбаров ва дигарон, ки ҷараёни инкишофи шеъри имрўзро мавриди баррасӣ қарор додаанд, рўй оварда, масъалаҳои “нақди мавзўъ ва тамоюлҳои ѓоявию иҷтимоӣ, муносибат ба жанрҳои назм, қаҳрамони лирикӣ ва ҳамосии назм ва хусусиятҳои бадеӣ”-и шеъри имрўзро дар заминаи тадқиқотҳои даҳаи шасту ҳафтод ва нимаи ҳаштод ба вуҷудомада мавриди тадқиқу таҳлил қарор дода, кўшиш намудааст, ки равиши асосӣ ва тамоюлҳои инкишофи мафкуравиеро, ки баъди пош хўрдани Шўравӣ ба миён омаданд, баррасӣ карда, моҳияти ин гуна афкорро муайян кунад ва суду зиёни онро ба тарозу гузорад.

Профессор Ҷ.Ҳамроев дар рисола ба моҳияти амалии нақди мақолаву асарҳое, ки оид ба ин мушкилот таълиф шудаанд, бештар диққат дода, онҳоро дар контексти ягонаи инкишофи шеър ва афкори адабӣ таҳлилу баррасӣ намудааст. Муаллиф кўшиш ба харҷ додааст, ки то ҳадди имкон ба масъалаҳои мавриди баҳс равшанӣ андозад, моҳияти равишҳои таҳқиқии нақди шеъри ин давраро муайян намуда, равишҳои носолими афкори танқидиро, ки монеи пешрафти адабиёти асил будааст, ошкор созад. Ҳангоми мутолиаи рисола гуфтан мумкин аст, ки муаллиф ба ин ҳадафҳо ноил гардидааст.
Китоби дигари ў “Таърихи танқиди адабӣ”, ки барои донишҷўёни бахши филологӣ таълиф шудааст, маълумоти фаровонеро аз назария, таърих, равиши инкишоф ва ҷараёнҳои танқиди адабии гузашта ва имрўзаи тоҷик фароҳам меоварад.
Китоби мазкур на фақат дар сатҳ ва савияи як дастури таълимист, балки то андозае асари ҷомеъест оид ба таърихи афкори адабӣ ва танқидии форси тоҷикӣ. Китоб аз се қисмат иборат буда, муаллиф дар бахши аввал доир ба равишҳои нақди адабӣ, жанрҳои нақд ва махсусиятҳои он маълумот медиҳад. Бояд гуфт, ки дар ин қисми китоб баҳси ў аз таърихи инкишофи жанрҳои нақд сухани тоза буда, барои алоқамандони адабиёт пурманфиат хоҳад буд.
Қисми дуюми китобро ташаккули нақди адабӣ дар Юнони қадим, давраи асримиёнагии таърихи нақди адабӣ ташкил менамояд. Дар ин бахш заминаҳои пайдоиш ва инкишофи нақди адабӣ дуруст тавзеҳ ёфта, моҳият ва арзиши нахустин асарҳои назарӣ комилан дуруст муайян шудаанд. Муаллиф ба тафсири моҳият ва арзиши нақди луѓавӣ ва фаннӣ диққат дода, тазкира ва анъанаи тазкиранависиро дар рушд ва инкишофи афкори интиқодӣ ҳодисаи муҳим мешуморад. Рисола аввалан ҷавобгўи эҳтиёҷи донишомўзон бошад, сониян кўшиши ҷиддиест дар роҳи омўзиш ва фарогирии асноди таърихи нақд дар гузашта ва имрўз. Ҷиҳати дигари судманди ин китоб дар он аст, ки муаллиф новобаста ба шароити сиёсиву иҷтимоӣ ва марзҳои ҷуѓрофӣ гузаштаи афкори адабӣ ва интиқодии форсии тоҷикиро ба риштаи таҳқиқкашидааст. Дар ин замина ў комёб шудааст, ки равишҳои асосии инкишофи нақдро дар гузашта ва имрўз фаро гирад ва муайян созад. Фарогирии аснод ва таҳқиқи роҳи инкишофи нақд дар асрҳои охир дар маҳдудаи Осиёи Марказӣ аз кўшишҳои судманди муаллиф аст, ки бояд қадр шавад.
Қисмати дигари рисола аз таърихи нақди навини тоҷикӣ баҳс мекунад. Муаллиф ҷиддан кўшидааст, ки тамоюлҳои мусбат ва манфиро дар нақди имрўзи тоҷикӣ ошкор сохта, ба заминаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии пайдоиш ва инкишофи он эътибор диҳад. Дар ин равиш вай бештар ба ҳолати инкишофи нақди касбӣ диққат дода, пайдоиш ва инкишофи ба истилоҳ нақди шоир ё нависандаро низ судманд ва пурманфиат медонад. Ин рисола, бешак, ҳам барои донишомўзон, ҳам мутахассисон ва умуман алоқамандони адабиёт тадқиқоти муфид ва арзишманд мебошад.
Олими адабиётшинос, Ҷумъақул Ҳамроев доир ба масъалаҳои гуногуни назарию амалии адабиёти муосири тоҷик мақола ва тақризҳои зиёде навиштааст. Мақолаҳои ў доир ба намояндагони барҷастаи адабиёти муосири тоҷик: Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуѓзода, Мирзо Турсунзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, ЛоиқШералӣ, Пулод Толис, Бозор Собир, Гулрухсор, Мўъмин Қаноат, Ўрун Кўҳзод, Баҳманёр, Саттор Турсун, Сорбон, Абдулҳамид Самад, Баҳром Фирўз, Адаш Истад, Фарзона, Ҷаъфари Муҳаммад, Нормурод Каримзода, Асад Гулзода, Ҳадя, Паймон ва доир ба адабиётшиносон: Атахон Сайфуллоев, Ботурхон Валихўҷаев, Худоӣ Шариф, Ҷўра Бақозода, ХолиқМирзозода, Раҳим Муқимов, Раҳим Ҳошим, Раҳим Воҳидов, Абдураҳмон Абдуманнонов, Хуршеда Отахонова, Садрӣ Саъдиев, Ҳотам Умуров, Аслиддин Қамарзода, Абдусалом Самадов рўи чопро дидаанд. Инчунин тақризҳои зиёде ба маҷмўаи шеъру ҳикояҳои адибони тоҷикзабони ўзбекистонӣ омода сохта, хусусиятҳои асосии адабиёти ин муҳити адабиро муайян намудааст. Чи хеле ки худи муаллиф иброз медорад “Қарзе, ки ҳамчун адабиётшинос ва мунаққид дар пеши шоирони тоҷикзабони Ўзбекистон доштам, адо кардаам”.

Инчунин солҳои тўлонист, ки мавсуф ба донишҷўёни бахши чоруми факултети филология аз фанни “Таърихи адабиёти муосири тоҷик” дарс мегўяд. Заҳмату меҳнати фаъолияти адабиётшиносии чандсола дар омўзиши адабиёти навини тоҷик ва таҷрибаи омўзгории ў китоби дарсии “Таърихи адабиёти навини тоҷик”-ро ба майдон овардааст.
Соли 2015 дар нашриёти “Тамаддун”-и шаҳри Тошканд китоби дарсии “Таърихи адабиёти навини тоҷик”-и Ҷумъақул Ҳамроев чоп гардид. Рисолаи мазкур дар заминаи фаҳмиши нави муаммоҳои таърихи адабиёти навини тоҷик навишта шуда, муаллиф кўшидааст, ки давраҳо, равишҳо ва тамоюлҳои асосии инкишофи онро бо назардошти дидгоҳҳои тозаи илми адабиётшиносӣ тадқиқу таҳлил кунад. Диди тозаи тадқиқ ба муаллиф имкон додааст, ки дар муқаддима мавзўву масъалаҳои баҳснокро зикр карда, таърихи адабиёти навини тоҷикро дар заминаи воқеияти ҳаёти адабӣ даврабандӣ намояд. Равиши ин даврабандӣ на дар асоси воқеаҳои сиёсию иҷтимоӣ, балки дар заминаи инкишофи воқеии ҳаёти адабӣ сурат гирифтааст, ки комилан дуруст аст. Аз ҳамин мавқеъ ин адабиёт ба се давра қисмат шуда, хусусиятҳои асосии инкишофи ҳар давра дақиқ муайян мегардад. Ҳангоми даврабандӣ моҳият ва хусусиятҳои осори адабии ҳар даврро ба эътибор гирифта, муаллиф ба он муваффақ шудааст, ки аломатҳои мушаххаси ташаккул ва инкишофи осори адабиро дар ҳар давр муайян созад.
Дар ин росто нахустин давраи ин адабиёт бо номи маорифпарварӣ ёд шуда, тамоюли таҷаддудхоҳии ибтидои асри бист низ идомаи қонунии он шинохта шудааст. Далели муаллиф дар хусуси он ки ба сабаби навҷўиву навандешӣ ин давра бояд оѓози таърихи навини адабиёт дониста шавад, комилан дуруст ва воқеист. Воқеан ҳам бо насри Аҳмади Дониш ва таҷаддудхоҳии адибони ибтидои асри гузашта адабиёти ин давра аз ҷиҳати шакл ва мазмун нав гардид, ки аз адабиёти пешин тафовути ҷиддӣ дошт. Ин адабиёти нав ва пешқадам буд, ки барои равнақи минбаъдаи адабиёти тоҷик заминаи боэътимод гузошт.
Муаллиф хусусиятҳои асосии давраи дуюми инкишоф, яъне давраи ташаккули инкори суннатҳо ва меросро, ки адабиёти солҳои бист то охири солҳои панҷоҳ дар бар мегирад, вобаста ба фазои сиёсию таърихӣ ва иҷтимоӣ муайян мекунад ва масъалаҳои пайдоиши гурўҳҳо ва ҷамъиятҳои аввалини адабӣ, нахустин қувваҳои эҷодӣ таъсири сиёсати расмӣ ба адабиёт ва осори адабӣ, моҳият ва савияи бадеии осори адибонро мавриди тадқиққарор додааст, ки аз бисёр ҷиҳатҳо муфид мебошад.
Муҳаққиқ хусусиятҳои хоси инкишофи адабиётро дар давраи бозгашт ва эҳё, яъне аз охири солҳои панҷоҳ то ба имрўз дар заминаи махсусиятҳо ва тамоюлҳои мусбату манфии ҳаёти адабӣ равшан месозад. Дар ин равиш мо ба мавзўву мундариҷот, ѓоя ва жанрҳои осори бадеии ин давра ошно мегардем.
Дар шинохти масъалаи моҳияти адабиёт муаллиф ба воқеияти инкишофи адабиёти солҳои бисту сӣ, назму насри ин давра ва давраҳои баъдии инкишофи он, аз ҷумла, давраи ҷанг, солҳои панҷоҳ ва баъд диққат дода, хусусиятҳои умдаи адабиётро танҳо дар асоси осори асили бадеӣ муайян ва арзёбӣ мекунад. Бисёр ҷолиб ва муҳим аст, ки андешаҳои муаллиф оиди равишҳо ва тамоюлҳои асосии адабиёти тоҷик афкори адабию танқидиро низ фаро мегирад ва бинобар ин ҳам хулосаҳои ў бавазну комиланд.

Пас аз баррасии ҳар давра мо маълумоти судмандеро оид ба ҳаёт ва эҷодиёти шоиру нависандагоне, ки осорашон хусусиятҳои ташаккул ва инкишофи адабиёти он даврро муайян мекунанд, ошно мешавем, ки дар ин замина тадқиқу таҳлили муаллифи рисола дар марҳилаи “Адабиёти маорифпарварӣ” доир ба ҳаёт ва эҷодиёи Аҳмади Дониш, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Садри Зиё, Садриддин Айнӣ, Аҷзӣ, Тошхоҷаи Асирӣ, Фитрат; аз шоирони суннатгаро: Шамсиддин Шоҳин, АбдулқодирхоҷаиСавдо, Нақибхони Туѓрал, дар марҳилаи “Давраи инкори суннатҳо ва мерос” шахсиятҳои адабиро чун Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил; дар марҳилаи “Даврони бозгашт ва эҳё” адибоне чун Сотим Улуѓзода, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Аминҷон Шукўҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Мўъмин Қаноат, ЛоиқШералӣ, Ҳасан Ирфон, Ҷумъа Одина, Бозор Собир, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Ўрун Кўҳзод, Гулназар Келдӣ, Сорбон, Юсуф Акобиров, Саттор Турсун, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад, Абдуҷаббор Қаҳорӣ, Баҳром Фирўз, Фарзона, Камол Насрулло, Адаш Истад, Сайф Раҳимзод хеле муфид буда, назари тозаи ўро ба аҳвол ва осори онон ифода мекунад. Мо аз таҳлилҳои дақиқи муаллиф нуқсу камоли осори адибон ва омилҳои онро дармеёбем.
Соли 2020 бо ҳамкории профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Сирожиддин китоби дарсии “Наразияи адабиёт”-и Ҷумъақул Ҳамроев барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ чоп гардид. Рисолаи мазкур аз асрори истилоҳоти адабиётшиносӣ ва таърихи пайдоиши онҳо, мавқеъ ва манзалати истилоҳоти адабиётшиносӣ дар офаридани каломи мавзун, образэҷодкунӣ, манзарасозӣ, таърихи афкори бадеии Шарқу Ғарб ошно месозад.
Фаъолияти ин марди соҳибназару соҳибмаърифат танҳо ба ончи гуфтем, маҳдуд намешавад. Устод Ҷумъақул Ҳамроев на фақат муҳаққиқи ҷиддӣ ва пурмаҳсул аст, балки роҳнамою маслиҳатгўи як қатор муаллимону олимони ҷавон, сухангўи барҷаста ва ёвару ёру рафиқи шафиқ низ ҳаст. Касе, ки боре ҳарфи ўро шунидааст, ҳамеша сўи ў ҷазб мешавад ва албатта шефта ва асири он сухангўиҳои ширини эшон мегардад.
Дар хотимаи сухан ба устоди арҷмандам саодати зиндагӣ ва комёбӣ орзу карда мегўям, ки ҳамеша ба қалби саршори меҳру мурувват ва бо сарфарозиву номи накў дар паноҳи Худо бошед.
Синни мубораки 74 ба шумо муборак бод, устоди азиз!

Акмал Шерназаров
доктори фалсафа оиди фанҳои
филологӣ (PhD), дотсенти Донишгоҳи
давлатии Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ