Кадом бананҳо фоидаоваранд: зард ё сабз?


Бо сабаби индекси пасти гликемикӣ бананҳои сабз тақрибан 40 аст, онҳое, ки вазни худро гум мекунанд ва беморони ташхиси «диабети қанд» доранд, метавонанд бихӯранд. Дар чунин мева миқдори қанд кам ва крахмал бисёр мебошад (дар 100 грамм тақрибан 12,5 грамм), аз ин рӯ иштиҳоро коҳиш медиҳад ва ҳазми он муддати дарозро мегирад.
Дар 100 грамми бананҳои зарди аз ҳад зиёд пухта, аз 90 то 100 килокаллория. Онҳо бисёр катехинҳо доранд – инҳо антиоксидантҳои қавӣ мебошанд, ки ҳуҷайраҳоро аз вайроншавӣ муҳофизат мекунанд. Индекси гликемикии бананҳо тақрибан 70 аст, бинобар ин, агар шумо вазни зиёдатӣ дошта бошед, беҳтар аст, ки онро истисно кунед. Баръакси бананҳои сабз, онҳо ба осонӣ ҳазм мешаванд: дар давоми кори ҷисмонии дарозмуддат манбаи энергия хоҳанд шуд.
Банан ба варзишгарон кӯмак мекунад, ки натиҷаҳои беҳтар нишон диҳанд. Илова ба ин, банан манбаи витаминҳои С ва В6 мебошад. Як банан қариб 20 арзиши ҳаррӯзаи ин витаминҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳолати узвҳои дарунӣ ва саломатии умум таъсири хеле муҳим мерасонад. Инчунин банан манбаи нахи ғизоӣ мебошад, ки барои фаъолияти мӯътадили рӯдаю меъда зарур аст.
Тарҷимаи Л.РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ