Шумораи қурбониёни сӯхтори Туркия меафзояд

Сӯхтори соҳили ҷанубии туркия ба офати миллӣ табдил ёфт. Президенти кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон таъкид намудааст, ки барои бартараф кардани ин офат тамоми қувваҳоро сафарбар карда шудааст. Ҳоло дар ҳудудҳое, ки сӯхтор рӯй додааст, 4 ҳазор мошини сӯхторхомӯшкунӣ омодаи коранд. Аз рӯи маълумоти охирин, дар сӯхтори калони шаҳрҳои Манавгат ва Анталия 4 нафар ҳалок гашта, зиёда аз 180 нафар ҷароҳати тан бардоштаанд. Сабаби авҷ гирифтани сӯхтор ин шамол ба ҳисоб меравад. Мутахассисон сабаби сар задани сӯхторро меомӯзанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ