Тадбиркорон таклифу ташаббусҳои худро пешниҳод намуданд

Маҷлиси навбатии Шӯрои ҷамоатии маслиҳатии тадбиркорони назди ҳокимияти вилояти Самарқанд баргузор гардид.
Шӯрои мазкур, ки бо таркиби иборат аз 32 нафар корчаллонҳои пешқадам, дар моҳи июни соли ҷорӣ бо ташаббуси ҳокими вилоят ва як гурӯҳ тадбиркорон ташкил карда шудааст, вазифаи мустаҳкамсозии ҳамкории байниҳамдигарии тадбиркорони вилоят, дастгирӣ намудани тадбиркорони ҷавон, ба вилоят бештар инвеститсияро ҷалб кардан ва ғайраро дар назди худ гузоштаанд.
– Як моҳ аз ин пеш дар маҷлиси нахустини таъсисии худ аз ҷониби тадбиркоронамон ду таклиф пешниҳод шуда буд, – гуфт раиси Шӯрои ҷамоатии маслиҳатии тадбиркорон Ҳайдар Ӯроқов. – Ин таклифҳо ба истеҳсоли маҳсулоти фурнитураи аз хориҷа барои трикотаж овардашаванда ва ба вуҷуд овардани инфрасохтори зарурӣ барои сохтмони хонаҳои бисёрқабата вобаста буд. Таклифҳои мазкур омӯхта шуда, дар айни ҳол барои амалинамоии он корҳо оғоз ёфтаанд. Ин тасдиқи он аст, ки мо шӯрои мазкурро ташкил намуда, роҳи дурустро интихоб кардаем. Мувофиқи маслиҳат, акнун ҳар моҳ як бор вохӯрда, таклифу ташаббусҳои худро изҳор мекунем, муаммоҳои ба вуҷуд омадаро дар якҷоягӣ ҳал мекунем.
Дар маҷлис аъзоёни шӯро доир ба инкишоф додани истеҳсоли маҳсулоти саноатии экспортшавандаи намуди нав, ихтисосонидани ҳудудҳо ба парвариши зироатҳои маълуми хоҷагии қишлоқ, аз технологияҳои замонавӣ васеъ истифода бурдан ва барои истифодаи он тайёр кардани мутахассисони варзида, дастгирӣ намудани тадбиркорони ҷавон таклифу ташаббусҳои худро баён карданд.
Шавкат ШАРИФОВ, муассиси консерни «Шарқ саноати»:
– Мо соли гузашта дар Каттақӯрғон парвариши қулфнайи замонавиро ба роҳ мондем, ин корро одамони ҳамон ҳудуд иҷро карданд. Ин ҳам барои аҳолӣ, ҳам барои мо манфиатнок шуд. Акнун дар ҳудудҳои дигари вилоят, масалан, Ҷомбой парвариши малинаро ба роҳ монданӣ ҳастем. Барои ин аз Сербия мутахассис овардаем ва ӯ ҳоло ҷойҳоро омӯхта истодааст.
Имрӯз дар деҳотамон таъмин намудани шуғли аҳолӣ ба масъалаи рӯзмарра табдил ёфтааст. Аз ин сабаб, бояд корхонаҳоямонро фақат дар шаҳр ё ноҳия не, балки дар деҳаҳо низ ташкил намоем. Дар мисоли худамон гӯям, имрӯз дар ноҳияҳои Иштихон, Оқдарё корхонаҳои кушодаамон самаранок фаъолият дорад. Имсол ҳамин гуна корхонаро дар ноҳияи Қӯшработ ташкил намуда, дар он 500 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуданӣ ҳастем.
Ҷамшед ҲАЙДАРОВ, ҷонишини ҳокими вилоят оид ба саноат, роҳбари дирексияи минтақаи озоди иқтисодии «Ургут»:
– Дар бисёр корхонаҳо аз технологияҳои хориҷӣ истифода мебарем. Дар онҳо ягон носозӣ ба вуҷуд ояд, кор бозмеистад. Сабабаш, қисмҳои эҳтиётии асосии ин ускунаҳо дар мо нест, аз хориҷа меорем. Аз ин рӯ, истеҳсоли чунин қисмҳои эҳтиётиро бояд дар худамон ба роҳ монем.
Камол АБДУЛЛОЕВ, муассиси ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Sam Antep Gilam»:
– Имрӯз мутахассисони хубе дорем, ки ба онҳо такя мекунем. Онҳо аз вазъияти бозори дохилӣ ва берунӣ хуб огоҳ буда, кай ба амал овардани фаъолияти тадбиркорӣ ва натиҷаи мусбӣ додани онро медонанд. Чунин меҳисобам, ки дар назди шӯро гурӯҳи иборат аз чунин мутахассисон ташкил карда, лоиҳаҳои нав кор карда бароем, онро дар якҷоягӣ ба амал оварем ё тадбиркорони ҷавонро ба он ҷалб намоем.
Зафар ТӮРАЕВ, муассиси ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «BigStoryBuilding»:
– Ҳифзи тандурустии аҳолӣ, афзудани сифати хизмати тиббӣ ба халқамон аз ҳарвақта дида бештар рӯзмарра шудааст. Давлатамон барои ин соҳа маблағи хеле калонро равона карда истодааст. Лекин мо ҳам бояд дар ин кор саҳм гузорем. Агар аз ҷониби давлат кредит ҷудо карда шавад, корхонаи мо барои деҳоте, ки дараҷаи хизмати тиббиашон паст аст, муассисаҳои тиббии замонавӣ месозад ва мо тайёрем, ки таҷҳизот дода, чунин масканҳоро ба ихтиёри давлат гузаронем. Кредитро баъд худамон мепӯшонем.
Инчунин, дар маҷлис роҳбари корхонаи муштараки «Самарқанд консерва» Файзулло Зиёев, роҳбари корхонаи «Кумуш тола» Марям Ниёзова дар бораи ба хатмкунандагони мактабҳо омӯхтани маҳорати тадбиркорӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кор, муассиси корхонаи оилавии «Ургут саноат сервис» Маҷидхон Исломов оиди дар маҳаллаҳо ташкил намудани кооперативҳои истеҳсолкунанда таклифҳои худро баён намуданд. Оид ба шунидани ташаббусҳои тадбиркорони дигар ва амалинамоии онҳо чораву тадбирҳо муайян карда шуд.
– Ба одаме, ки дар дохили соҳа аст, ҳама чиз аён, мана, чӣ қадар ташаббусу таклифҳо гуфта шуданд, – гуфт ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар маҷлис иштирок карда. – Акнун гап дар амалинамоии онҳо. Аз ҷониби ҳокимиятҳо ва мақомоти дигари давлатӣ ягон кӯмак, шароит зарур бошад, мо тайёрем, ки фароҳам орем. Дар вохӯриҳои ояндаамон агар таклиф диҳетон, ҳокимони ҳудудҳо, роҳбарони дахлдори соҳаҳоро ҳам даъват карда, масъалаҳоро дар якҷоягӣ ҳал мекунем. Мақсадамон як- инкишофи иҷтимоӣ-­иқтисодии вилоятамон, ба вуҷуд овардани шароити зисти муносиб барои халқамон.
Дар мавридаш эътиборатонро ба як таҳлил менигаронам. Тибқи маълумотҳо, айни ҳол дар вилоятамон аз 2104 корхонаи истеҳсолкунандаи мебел, коғаз ва маҳсулоти коғазӣ, полимер ва пластмасса, маҳсулоти бофандагӣ 555‑тоаш фаъолият нишон намедиҳад. 63‑тоаш дар ҳолати баанҷомрасист.
Чарои ин гуна ҳолат ба вуҷуд меояд? Технологияе, ки тадбиркор ба ивази сармояи калон овардааст, чаро кор намекунад? Чаро корҳои дар барномаҳои инвеститсионӣ нишондодашуда пурра амалӣ намегарданд?
Тадбиркоронамонро бояд чунин саволҳо ба фикр водор намояд, ҳалли онҳоро ёбем.
Дар маҷлиси шӯро оиди амалинамоии таклифу ташаббусҳои аз ҷониби тадбиркорон баёнгардида чораву тадбирҳо андешида шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ