Иқтидори истеҳсолот васеъ ва номгӯйи маҳсулот зиёд мешаванд

Бо гарм шудани ҳарорати ҳавои рӯзҳои тобистон эҳтиёҷ ба нӯшокиҳои ташнагишикан меафзояд. Онҳо ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дар яхдонҳо нигоҳ дошта мешаванд. Бинобар ҳамин, мо роҳи заводи собиқи яхдонсозии «Сино»-ро пеш гирифтем.
Пештар ин заводи давлатӣ буд. Ҳоло он аз охири соли 2020 мувофиқи шартнома бо ворид сохтани 30 миллион доллар инвеститсияҳои хориҷӣ ва дохилӣ ба тобеияти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сахари» гузаштааст.
Роҳбари корхона Мурод Ҳамроқулов моро бо хушнудӣ пешвоз гирифт. Мо ҳамроҳ сехҳои ин коргоҳи бузургро давр зада, бо рафти истеҳсоли яхдонҳо шинос шудем.
Дар корхона ҷараёни кор ҳамчун конвейр ба роҳ монда шудааст. Аксарияти коргарони корхона ҷавононро ташкил менамоянд. Онҳо дар паси дастгоҳҳои автоматӣ истода, корҳои худро идома медоданд. Ҳамаи онҳо мутахассисони касби худанд. Аксарияти соҳибихтисосони «Элита электроникс» ба ин коргоҳ ҷалб карда шудаанд.
Дар сехи қолабгарӣ ҳам кор ҷӯш мезад. Дар ин ҷо 32 нафар коргарон бо корҳои худ машғул буданд. Ба сех Комил Маматов роҳбарӣ мекунад. Вай дорои маълумоти олӣ буда, Университети иқтисодиёти Тошкандро хатм кардааст. Комил Маматов аз соли 2004 дар ин ҷо фаъолият мебарад.
– Заводи мо солҳои 2018–2019 бо сабабҳои гуногун кор накард, – гуфт К. Маматов. – Моҳи марти ҳамин сол боз ба кор даромад. Вале мо дар даври кор накардани завод ҳам, мо бекор набудем. Бо супориши ҳоким дар ин ҷо сохтани қуттиҳои партовандозиро ба роҳ мондем. Ҳозир се хели яхдонҳоро тайёр карда истодаем. Дар оянда ба роҳ мондани истеҳсоли навъҳои нави яхдонҳоро дар нақша дорем.
Дар ин ҷо ба коргарони собиқадор бо ҳурмату эҳтиром менигаранд. Онҳо дар тарбияи шогирдон роли муҳим мебозанд ва худ дар иҷрои корҳо намунаи ибратанд.
Маҳмудҷон Аҳмадов яке аз онҳоест, ки аз соли 1989 дар ин ҷо кор мекунанд. Аввал ӯ шогирд истод. Баъд челонгари асбобсоз шуд. Ҳозир соҳиби разряди шашум мебошад. Ба ғайр аз тайёр кардани қолибҳо ба таъмири дастгоҳҳо низ машғул мешавад. Ӯ мамнун аст, ки баъди танаффуси тӯлонӣ боз ба кор сар кардаанд. Аз ин бисёриҳо хурсанд мешаванд. Аввалин маҳсулоти имсола моҳи июн ба фурӯш бароварда шуд. Харидорони яхдонҳо ҳам зиёд шудаанд. Моҳонаро дар вақташ мегиранд. Хӯроки нисфирӯзиашон бепул аст ва ба кор бо нақлиёти корхона омада мераванд.
Мирзо Ҳаққулов, сардори сехи агрегатӣ аз соли 2007 дар ин ҷо кор мекунад. Дар сех 23 нафар ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд.
– Мо ҳаракат мекунем, ки яхдонҳои хушсифат барорем, – гуфт ӯ. – Дар рафти истеҳсолот ба хатову носозӣ роҳ намедиҳем. Дар айни ҳол мардум аз сифати яхдонҳои мо мамнунанд. Агар қувваи барқ пасту баланд нашавад ва ё худи яхдон зарба набинад, он бемалол камаш даҳ сол хизмат мекунад.
Ҳамин тавр мо сехҳоро давр зада, ба сехи пайвасту васлкунӣ расидем. Роҳбари ин сех Алибек Қӯшбеков изҳор кард, ки ҳоло асосан яхдонҳои ҳаҷмашон 250, 360 ва 390‑литрӣ мебароранд. Ба онҳо муҳаррикҳои истеҳсоли Италия гузошта мешаванд. Он дар ҷаҳон дар ҷойи якум меистад. Ин гуна муҳаррик бо сарфи ками энергияи электрикӣ кор мекунад. Сарфи энергия дар як шабонарӯз 0,8–1 киловатт-соат аст. Пеш аз ба савдо баровардан ҳамаи яхдонҳо аз таҷрибаи лабораторӣ гузаронида мешаванд. Ҳозир рӯзе то 150 адад яхдон тайёр менамоянд. Аз сабаби дастӣ иҷро шудани аксари корҳо хатоиҳо дар лаборатория аниқ мегарданд. Ҳозир ин нишондиҳанда миёна аст. Ба ин пандемия сабаб гардидааст. Онҳо имкони то 200 адад яхдон баровардан доранд.
Дар охир роҳбари корхона Мурод Ҳамроқулов илова кард, ки минбаъд корҳои корхона хуб мегардад. Аз соли 2022 сар карда, қувваи истеҳсолӣ васеъ ва номгӯйи маҳсулотҳо меафзояд. Дар ин ҷо ва коргоҳҳои дигари Ҷамъияти мас­ъулияташ маҳдуди «Сахари» конденсионери витринагӣ, мошинаи ҷомашӯйӣ, асбоби чангкашак, дудкашак, плитаҳои газӣ, микроволновка, миксер, телевизор, шамолдиҳак, ледлампа, телевизор, ускунаҳои видеоназоратӣ истеҳсол мегарданд ва бо ин роҳ 1250 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

ҶУМЪАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ