Дар Қазон форуми иқтисодии Русия ва Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид

Дувоздаҳумин нишасти иқтисодии Русия ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, маъруф ба «Форуми Қазон» дар пойтахти Тотористон оғоз ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Анадолу, мулоқот бо намоишгоҳи байналмилалии Ҳилол Экспо оғоз ёфт, ки дар он беш аз 4000 нафар ширкат доштанд. Зимни суханронӣ дар ифтитоҳи намоишгоҳ Раиси ҷумҳурии Тотористон Рустам Минихонов гуфт, ки онҳо бо вазири рушди иқтисодии Русия Максим Раштников роҳҳои густариши ин чорабиниро дар ҷуғрофияи васеъ барои ҷалби бештари сармоягузорон ва иштирокчиён баррасӣ карданд.

Максим Раштников, вазири тавсеъаи иқтисодии Русия низ гуфт, ҷамъияти мусулмонон дар Русия ба 20 миллион нафар мерасад.

Тибқи ин гузориш, нишаст бо ҳадафи ташвиқи густариши муассисоти молии исломӣ дар Русия ва тақвияти равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фаннӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни Русия ва кишварҳои узви созмони ҳамкории исломӣ баргузор мешавад.

Нишасти Маҷмаъи Қазон 2021 имрӯз 30-юми июл хотима ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ