«Русия ҳеҷ тасмиме барои ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба марзи Афғонистон нагирифтааст»

Мақомоти расмии Русия мегӯянд, ин кишвар ҳеч қароре дар бораи фиристодани нерӯҳои иловагӣ барои кӯмак дар муҳофизати марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон қабул накардааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи 29-уми июл дар шаҳри Маскав ба хабарнигорон гуфт, ончӣ ки дар Афғонистон мегузарад, мояи нигаронии амиқ барои Маскав аст.

Песков гуфт, Владимир Путин ҳеч қароре дар бораи фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба марзи Афғонистон қабул накардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ