Оғози қабули дархостҳо барои ҷоизаи байналмилалии Холид ал-Хатиб — 2021

Шабакаи RT қабули дархостҳо барои Ҷоизаи байналмилалии Khaled Alkhateb International Memorial Awards – ро эълон кард, ки ҳамасола барои беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ аз минтақаҳои даргир тақдим мешавад.
Ҷоизаи мазкур барои поси хотири рӯзноманигор Холид ал-Хатиб, ки 30-юми июли соли 2017 дар Сурия кушта шуд, таъсис ёфтааст. Ӯ ҳамкори RT Arabic буд ва соли равон ҷоиза барои поси хотири ӯ бори чорум эъто мегардад.
Ҷоиза дар бахшҳои “Беҳтарин матлаб аз минтақаи даргирӣ: матн”, “Беҳтарин матлаби видеоӣ аз минтақаи даргирӣ”, “Баъди ҷанг: матн/навор” супорида мешавад. Дар бахши “Баъди ҷанг: матн/навор” аз сарнавишти одамон ё қавмҳое қисса мешавад, ки ҷангро паси сар кардаанду дар ҳоли гузариш ба ҳаёти осоишта мебошанд. Ин номинатсия бори аввал пешбарӣ шудааст.

Барандаҳои ҷоизаи Khaled Alkhateb International Memorial Awards — 2021 мукофотпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор рублро соҳиб хоҳанд шуд.
Дархостро метавон тариқи сомонаи— https://award.rt.com пешниҳод кард. Барандаҳо 30-юми ноябр эълон мегарданд.
Соли 2018-ум президенти Русия, Владимир Путин, фармони бо медали “Ҷасорат” қадрдонӣ намудани Холид ал-Хатибро баъд аз маргаш имзо намуд, ки ба оилааш дар маросими аввали супоридани ҷоизаҳо тақдим гардида буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ