Андрей Шевченко дастаи миллии футболи Украинаро тарк кард


Андрей Шевченко, сармураббии дастаи миллии футболи Украина эълон кард, ки имрӯз муддати қарордоди ӯ ба поён расид.
Ӯ дар сафҳаи худ дар Инстаграм навишт:
“Имрӯз муддати қарордоди ман бо Ассотсиатсияи футболи Украина ба поён расид. Ман панҷ сол ҳидояти дастаи кишварро ба ӯҳда доштам. Ин кори душвор буд ва исбот кард, ки мо дар роҳи дуруст қарор дорем. Ман аз раис ва комитети иҷроияи АФУ мамнун ҳастам, ки ба ман имкони кор бо дастаи миллии Украинаро доданд…”
Шевченко қаблан гуфта буд, ки мехоҳад сармураббигии дастаҳоро таҷруба кунад.
Ёдовар мешавем, Шевченко сар аз соли 2016 то поёни мусобиқаи Чемпионати Европа-2020, ки тобистони имсол баргузор шуд, сармураббии Украина буд. Футболбозони Украина таҳти сармураббигии ӯ бори нахуст дар таърих ба даври чорякниҳоии ин мусобиқаи бонуфуз роҳ ёфтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ