Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс ба ғолибон чӣ қадар ҷоизапулӣ дода мешавад?

Дар Чемпионати навбатии Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим мегардад.
Варзишгароне, ки миёни ҷавонон медали тилло ба даст меоранд, ҳамчунин 6000 доллари ИМА ҷоизапулӣ хоҳанд гирифт. Барои медали нуқра 3000 доллар ва барои медали биринҷӣ 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Ҷоизадорон миёни наврасон бошанд, мутаносибан бо 4000 доллари ИМА, 2000 доллар ва 1000 доллар сарфароз мегарданд.
Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон ва наврасон 17-31 август дар шаҳри Дубайи АМА баргузор мешавад.
Бори аввал дар таърихи бокси Осиё чемпионат миёни ҷавонон ва наврасон дар як вақт доир мегардад. Варзишгарони соли таваллудашон 2003-2004 имкон доранд дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва варзишгарони соли таваллудашон 2005-2006 метавонанд дар Чемпионати Осиё миёни наврасон ширкат намоянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ