Субҳи имрӯз се нафар варзишгари мо дар Олимпиада мағлуб шуданд

Намояндаи Ӯзбекистон дар мусобиқаи гӯштини озод Шапиев Ҷавраил дар марҳилаи якум бозиро ба Ҳасан Яздонии эронӣ бо натиҷаи 2 бар 11 бохт.

Ғуломҷон Абдуллоев, намояндаи дигари мо дар марҳилаи чорякниҳоии мусобиқаи гӯштини озод ба Завур Угуев, варзишгари Русия мағлуб шуд. Натиҷаи бозӣ 6 бар 6 буд. Вале холи охиринро Угуев гирифт ва ғалаба насиби ӯ гардид.

Нилуфар Зокирова дар марҳилаи чорякниҳоии мусобиқаи қаиқронӣ натиҷаи шашумро касб кард. Мусобиқаи инфиродии қаиқронӣ барои ӯ ба поён расид. Ӯ баъди чанд рӯз дар мусобиқаҳои қаиқронии дунафарӣ иштирок хоҳад кард.

Ҳамчунин, қаиқрони дигари ӯзбекистонӣ Дилноза Раҳматова дар марҳилаи якум натиҷаи панҷумро ба даст овард.

Telegram | YouTube | Facebook

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ