Юрий Сёмин: “Ба “Рома” гузаштани Шомуродов тасаввурот дар бораи Лигаи олии Русияро дигар мекунад”

Сармураббии собиқи дастаи “Локомотив”-и Маскав дар бораи қарордоди Элдор Шомуродов бо дастаи “Рома”-и Италия назари худро баён кард.
Ӯ гуфт, “Вақти шунидан ҳайрон шудам. Ин хабари нағз. Чунин ҳикоя собит мекунад, ки муносибати ҳирфаӣ ба кор дар футбол метавонад ҳар иттифоқеро пеш оварад”.
Ва афзуд, “Пайвастани Шомуродов ба “Рома” тасаввуротро дар бораи Лигаи олии Русия дигар мекунад. Одамун хуб дар ёд доранд, ки ӯ чанде пеш зери дасти Карпин дар Лигаи олии Русия бозӣ мекард.
Оё, Элдор метавонад дар таркиби асосӣ бозӣ кунад? Агар меҳнат кунӣ, ҳаёт зебо мегардад. Дар акси ҳол Моуринио ӯро дар захира ҷойгузин мекунад. Мураббиёни хуб дигар роҳи кор надоранд. Элдорро табрик ва орзуи комёбӣ барои ӯ мекунам”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ