Ӯзбекистон дар озмуни байналмилалии риёзӣ 15 медал дарёфт кард


Рӯзҳои 2-8 август дар Болгария Озмуни байналмилалии риёзӣ баргузор шуд. Дар ин озмун 592 донишҷӯ аз донишгоҳҳои беш аз 55 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.
Боиси хурсандист, ки риёзидонони ҷавони Ӯзбекистон дар озмун 5 медали тилло, 6 нуқра, 2 биринҷӣ ва 2 ташаккурнома дарёфт карданд.
Гурӯҳи риёзидонони Ӯзбекистон донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, Донишгоҳҳои давлатии Урганч, Қорақалпоқистон, Гулистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисоди Тошканд буданд.
Кормандони илмии соҳибтаҷрубаи Донишкадаи риёзии Академияи Фанҳои Ӯзбекистон донишҷӯёнро ба озмун омода карданд.
Дар озмун донишгоҳҳои мӯътабари ҷаҳонӣ аз ҷумла, Massachusetts Institute of Technology, Stanford University, Carnegie Mellon University (АҚШ), Saint-Petersburg State University, Moscow Institute of Physics and Technology (Россия), Rheinische Friedrich-Wilhelms-Universität Bonn, Georg-August-Universität Göttingen (Германия), University of Cambridge, University College London, Imperial College London, University of Manchester (Буюк Британия) ва ғайра ширкат варзиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ