Самараи минтақаи озоди иқтисодӣ дар иқтисодиёт, ки истиқлол дод

Дар Ургут солҳои 90‑уми асри сипаригашта зиёда аз 350 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Ғайр аз заводи ферменткунии тамоку ва боз ду фабрикаи докадӯзӣ дигар ягон корхонаи саноатӣ мавҷуд набуд. Аксарияти одамон бекор, танҳо шахсони сармоядор бо савдо машғул мешуданд.
Ҳамон солҳо ба корхонаҳои Россия 45 ҳазор тонна тамоку расонида мешуд, мардҳо бекор, занон машғули расондани ашёи хом буданд. Сипас, даври истиқлолияти ғалла сар шуд ва майдонҳои тамокуро кам карданд. Дар давлатҳои Россия ва Украина бошад, талаб ба тамокуи мо коҳиш ёфт.
БО ПАРВАРИШИ ТАМОКУ ВА АНГУР МАРДУМРО ТАЪМИН КАРДА НАМЕШАВАД
Соли 1994 ба Ургут сармояи хориҷӣ дохил карда, корхонаи муштараки «УзБАТ» ташкил карданд. Аммо бо ин ба марра расида нашуд, чунки шумораи аҳолӣ меафзуд. Танҳо бо ин роҳ таъмин намудани аҳолӣ мушкил буд.
Он солҳо дар ҳудудҳои болоии ноҳия, мисли Мӯминобод, Ғӯс, Испанза, Тӯрткӯл ба туфайли танқисии об қариб 7 гектар майдони токзор буд. Мавизи онро ғӯсиён ба Россия ва дигар давлатҳо экспорт мекарданд. 50–60 фоизи замини ноҳия бо насос обёрӣ мешуд, чунки мисли ҳозира ба қувваи барқ эҳтиёҷи калон набуд. Имконияти обёрӣ намудани заминҳо кам шуд ва аз ин боис ба токпарварӣ эътибор зиёд гардид. Бо мақсади рушди саноат ва дастгирӣ намудани маҳалликунонӣ, ҳуҷҷатҳо қабул карда, ба тадбиркорон имтиёзҳо доданд.
Дар маркази Ургут аз азал одамони ӯҳдабаро зиёд буда, корчаллонӣ дар хунашон ҳаст. Масалан, дар ҳудуди Ғӯс аз сабаби камии замин хонаҳои зист хеле зич ҷойгир шудаанд. Аммо аз сабаби ӯҳдабароӣ аз одамони дорои 1 гектар замин ҳам беҳтар зиндагӣ мекунанд. Чаро гуфта пурсед, аз ҳунармандӣ, тадбиркориашон. Дар китобҳои муборак ҳам аз 10 хислати нек 9‑тоаш дар тиҷорат ва савдогарист, гуфтаанд. Акнун барои тадбиркорон имкониятҳо фаровонанд ва аксари корчаллонон тиҷоратро ба роҳ мондаанд. Хусусан, аз соли 2000 аз хориҷа овардани маҳсулот авҷ гирифт. Чанд сол баъд татбиқи ғояи дар ҳудуди Мерганчаи ноҳия кушодани минтақаи саноатӣ оғоз ёфт.
АФЗАЛИЯТҲОИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ДАР ЧИСТ?
Дар мамлакатамон соли 1996 Қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», соли 2008 Фармони Президент «Дар бораи ташкил кардани минтақаи озоди иқтисодии вилояти Навоӣ» қабул гардид. Ҳамин тавр, минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолиятро сар карданд. Ҳоло дар ҷумҳуриятамон 22‑то чунин ҳудудҳои иқтисодӣ фаъолият доранд. Аввал МОИ «Навоӣ», «Ангрен», «Ҷиззах», сипас «Ургут», «Ғиждувон», «Ҳазорасп» ва «Қӯқон» ташкил шуданд. Лекин ҳоло аз ҷиҳати салоҳият МОИ «Ургут» пешқадам аст. Дар асоси Фармони Президентамон аз 12‑уми январи соли 2017 ба минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» аз ҳудуди ноҳия 390 гектар, аз ноҳияи Пастдарғам 66 гектар, аз ноҳияи Нуробод 360 гектар ва шаҳри Самарқанд 102 гектар, ҷамъ 918 гектар замин ҷудо карда шуд. Бо қарори Девони Вазирон аз 13‑уми марти соли 2021 боз аз шаҳраки Хишрав‑2‑и шаҳри Самарқанд 294 гектар, аз маҳаллаи Ӯрамаси ноҳияи Ургут 50 гектар замин дода, майдони он ба 1262 гектар расид. То имрӯз барои дар МОИ «Ургут» ҷойгир намудан 94 лоиҳаи инвеститсионии арзиши умумиаш 431,4 миллион долларӣ қабул карда шуд.
Соли 2018 ба 16 лоиҳаи МОИ «Ургут» ба миқдори 59,3 миллион доллар сармоя дохил карда, 690 ҷойи корӣ ба вуҷуд оварданд. Аз ҷониби корхонаҳое, ки то охири сол ба кор даромаданд, ба миқдори 294 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол гардида, аз он ба миқдори 8,6 миллион сӯм маҳсулот содирот карда шуд. Дар соли 2019 бошад шумораи корхонаҳо то ба 25 адад зиёд шуда, лоиҳаҳои амалишуда ба 41‑то расид. Онҳо ба миқдори 784 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол карда, 30,2 миллион долларина маҳсулотро содирот намуданд. Шумораи корхонаҳое, ки дар соли 2020 ба фаъолият оғоз кардаанд, ба 55 адад расида, ҳаҷми истеҳсол 1 триллиону 1,2 миллиард сӯмро ташкил дод. Дар 5 моҳи соли ҷорӣ 56 лоиҳа барои истифода қабул гардида, ба онҳо ба миқдори 272,6 миллион доллар сармоя ҷалб карда шуд ва қариб 3900‑то ҷойи кори доимӣ ба вуҷуд омад. Аз ҷониби онҳо то даври ҳозира ба миқдори 704,1 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол ва ба миқдори 18 миллион доллар маҳсулот дар бозороҳои хориҷа фурӯхта шуд. Агар соҳаҳои лоиҳаҳои ба МОИ ҷойгиркардашударо таҳлил намоем, корхонаҳои асосӣ ба самтҳои саноати сабук, чарму пойафзол, электротехника, саноати кимиё ва ғайра рост меоянд.
Ҳоло аз рӯйи 38‑то лоиҳаи арзишашон 115 миллион долларина корҳои сохтмониву монтажӣ идома доранд. Дар натиҷаи ба кор даромадани ин лоиҳаҳо зиёда аз 315‑то ҷойи кори нав ба вуҷуд хоҳад омад. То охири сол бошад ба миқдори 26,4 миллион доллар сармоя дохил карда, 15‑тои он ба кор дароварда шуда, зиёда аз 680 шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Аз ҷониби дирексияи МОИ «Ургут» дар даври гузаштаи соли ҷорӣ 37‑то лоиҳаи 505 миллион долларина, ки дорои зиёда аз 10 ҳазор ҷойи корӣ мебошанд, ташаккул дода шуд. Омӯхтани 30 лоиҳа идома дошта, 7‑тои он барои гирифтани хулоса ба экспертиза фиристода шудааст. То имрӯз дар 5 массиве, ки ба ҳудуди МОИ «Ургут» дохил аст, 250 намуди маҳсулот истеҳсол мегардад.
Дар асоси супориши Президентамон, ки ҳангоми ташриф ба вилояти Самарқанд рӯзҳои 14–15‑уми апрели соли ҷорӣ фармуда шудааст, вазифаи аз тамоми ноҳияҳои вилоят ба МОИ «Ургут» ҷудо кардани замин гузошта шуд, яъне, аз 12 ноҳия ҳамроҳ карда додани 566 гектар замин ба нақша гирифта шудааст.
АКНУН КОРХОНАҲО АЗ ҲУДУДҲОИ ҲАМАИ НОҲИЯҲО БА МОИ АЪЗО МЕШАВАНД
Ҳудудҳое, ки имконияти содиротӣ, коркарди саноатӣ доранд, метавонанд ба минтақаи озоди иқтисодӣ дохил шаванд. Яъне, агар дар ҳудудҳои дигари ноҳия корхонаи истеҳсолкунанда ба талаботи нишондодашуда ҷавобгӯ бошад, метавонад ба минтақаи озоди иқтисодӣ аъзо шуда, аз имтиёзҳои додашуда истифода барад. Агар онҳо маҳсулоти қобили содирот ва ишғолкунандаи ҷойи воридотро истеҳсол кунанд, пурра бо коммуникатсия ва алоқа таъмин хоҳанд шуд. Барои маҳсулоти истеҳсолкардаашон аз 15 фоизи имтиёзи боҷхона, андози иловашудаи таҷҳизоти аз хориҷа овардашуда озод карда мешаванд. Аз андози замин, мулк, андози фоида 50 фоиз, аз андози об то муддати нишондодашуда додани сабукӣ, мувофиқи сармояи даровардаашон аз 3 то 10 сол аз андоз озод карда мешаванд.
Барои рушди соҳаи тадбиркорӣ
Ин, аввало, масъулият, дар баробари ин имконият низ ба ҳисоб меравад. Барои рушди тадбиркорӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ боз ҳам имкониятҳои васеъ ба вуҷуд оварда мешаванд. Пеш аз ҳама, аз сабаби он, ки директори дирексияи минтақаи озоди иқтисодӣ бевосита бо тадкиркорон кор мекунад, дарду муаммоҳо ва ташвиши онҳоро медонад. Лозим ояд, дар ҳал намудани муаммоҳо низ фикри худро дорад. Боз чуноне ки дар боло гуфтем, агар аз ноҳияҳо ба минтақаи иқтисодӣ замин ҷудо кунанд, барои ба роҳ мондани фаъолияти онҳо иштироки бевосита талаб карда мешавад. Ҳамаи ин бошад, албатта, барои рушди тадбиркорӣ хизмат хоҳад кард.

Ҷамшед ҲАЙДАРОВ,
ҷонишини ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои рушди саноат, директори дирексияи минтақаи озоди иқтисодии «Ургут».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ