Муаммои асосии сохтори таълими томактабӣ чист?


Бино ба ҳолати моҳи августи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 3122 адад ташкилоти таълими томактабӣ фаъолият дорад. Аз ин, 696 то кӯдакистони давлатӣ, 2425 ташкилоти таълими томактабии ғайридавлатӣ ва як муассисаи таълими томактабии тобеи ташкилот мебошад. Аз 340 974 нафар бачаи синни боғча 223 508 нафари онҳо дар кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд, ки ин 65,5 дарсадро ташкил мекунад.
Дар рафти нишасти матбуотие, ки дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ гузаронида шуд, сарвари Садорати таълими томактабии вилоят Зайниддин Ҷӯраев чунин маълумотҳоро тақдим намуд.
Тадбир таҳти мавзӯи «Вазъи ҷараёни таълиму тарбия дар ташкилотҳои таълими томактабии давлатӣ, муаммоҳои мавҷуда ва омӯхтани муроҷиати шаҳрвандон» доир гардида, иштирокдорон бо нав­гониҳои сох­тор, муаммоҳои соҳа, чорабиниҳое, ки бобати ҳалли муроҷиати шаҳрвандон амалӣ мегарданд, шинос шуданд.
– Солҳои охир ислоҳоти соҳаи таълими томактабӣ ба зинаи нав баромад гӯем, хато нахоҳем кард, – гуфт З. Ҷӯраев. – Аммо ин маънои онро надорад, ки дар соҳа муаммое намондааст. Ҳоло дар сохтор мушкилиҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд, ки яке аз асоситарини онҳо муаммои кадрҳо мебошад. Имрӯзҳо дар ташкилотҳои таълими томактабии вилоят 12455 нафар кадрҳои педагогӣ фаъолият доранд. Аз онҳо танҳо 4332 нафар соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Ин ҳамагӣ 34,7 дарсадро, ба маънои дигар аз се як ҳиссаи кадр­ҳоро ташкил мекунад. Афсӯс, ки 65,3 фоизи кормандон соҳиби маълумоти миёнаи махсус мебошанд. Ин албатта ба таълиму тарбияи бачагон таъсири бевоситаи худро мерасонад. Ҳоло мо бобати ҳалли ин мушкилӣ низ чораҳои заруриро меандешем. Аз чумла, дар ин самт бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамкориро ба роҳ мондем. Инчунин, соли ҷорӣ ба такмили ихтисос даъват кардани 1441 нафар педагогҳоро ба нақша гирифта будем ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аллакай 726 нафар кормандон ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб карда шуданд.
Ф.ЮЛДОШЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ