Дар Тошканд аксҳои қаҳрамонони олимпиро деворнигорӣ мекунанд

Дар яке аз ноҳияҳои Тошканд дар деворҳои бинои бисёрқабата аксҳои қаҳрамонони олимпиадаи Токио — 2020 пайдо мешаванд.
Чунин иқдомро рассомони ширкати Novda Group пеш гирифтаанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Раҳбари ҳокимияти ноҳияи Сергелӣ, чунин иқдомро дастгирӣ кард. Акнун муаллифон ба таъсиси стрит-арт оғоз мекунанд. Ин тӯҳфаи рассомон ба муносибати рӯзи истиқлолият будааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта аввалин акси деворӣ дар ҳамон минтақа ба шарафи табибоне, ки бар зидди коронавирус мубориза мебаранд, кашида шуда буд.
Ин деворнигорӣ дар чорроҳаи кӯчаҳои Янги Сергелӣ ва Лутфкор пайдо шуд.
Муаллифи лоиҳа — Бунёди байналмилалии рушди илм ва маориф — ZIYO FORUM мебошад.
Ба гуфтаи муаллифон, ин асарҳои деворӣ бо аксҳои қаҳрамонони олимпӣ як навъ арҷгузорӣ ба заҳматҳои варзишкорон, мураббиён ва тӯҳфаи арзанда ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти кишвар хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ