Дастаи миллии наврасони Ӯзбекистон аз Тоҷикистон шикаст хӯрданд – 3:6


Дастаи миллии наврасони футболи Ӯзбекистон рӯзи гузашта дар Душанбе бо наврасони маҳаллӣ, яъне дастаи миллии Тоҷикистон бозии дӯстона баргузор кард.
Бино ба хабари расонаҳои варзишӣ, ин бозӣ бо натиҷаи 6 бар 3 бо ғалабаи мезбонон баргузор шуд.
Рӯзи 13 август шогирдони Сервер Ҷепаров бозии дувумро бо наврасони тоҷикистонӣ баргузор мекунанд.
Баргузории бозӣ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ дар Душанбе барномарезӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ