600 миллион доллар: Бузургтарин дуздӣ дар таърихи биткоинҳо рақам хӯрд

Ҳакерҳо муваффақ шудаанд системи амнияти сайберии Poly Network-ро фалаҷ карда ва 600 миллион доллар рамзарзро ба сирқат бибаранд. Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин сирқат аз навъи худ дар таърихи истифода аз рамзарзҳо дар ҷаҳон аст.

Шуморе аз ҳакерҳо муваффақ ба сирқати беш аз ним миллиард евро (600 миллион доллар) рамзарз шудаанд. Платформи Poly Network, ки қурбони ин ҳамлаи сайберӣ аст, аз ҳакерҳо дархост карда ин пулро бозгардонанд.

Poly Network рӯзи сешанбе даҳум август бо интишор чанд пости твиттреи аз ҳак шудани сомонаи роёнаӣ худ хабар дод.

Гуфта шудааст, ки ҳакирҳо муваффақ шудаанд системи амнияти сайберии ин платформ тавзеъи таваккунҳои табодули рамзорзро аз кор андохта ва ба супурдаҳои рамзарзи даҳҳо ҳазор муштарии он дастрасӣ ёбанд ва аз ҷумла рамзарзи Ethereum ба 267 миллион доллар, Биткоин — ба 252 миллиона доллар, инчунин токени USDC ба 85 миллион долларо дуздиданд.

Масъулон Poly Network аз бузургтарин сирқат дар таърихи рамзарзҳо дар ҷаҳон сухан гуфтаанд. Дар постҳои твиттерии ин платформ аз ҳакерҳо дархост шудааст то пулҳои ба сирқат рафтаро бозгардонанд.

Poly Network аз омодагии худ барои тамос ва музокира бо ҳакерҳо барои ёфтани роҳи ҳале барои ин дуздӣ хабар додааст. Дар пости твиттерии ин платформ омадааст, ки чунин сирқате як ҷурми иқтисодии бузург ба ҳисоб меояд ва метавонад муҷозоти сангин барои омилони он дар пай дошта бошад.

Poly Network ҳамчунин бо ирсоли нома барои муштариёни худ гуфтааст, ки таваккунҳои марбут ба адресҳои муайянеро, ки гуфта мешавад мутааллиқ ба омилони ин ҳамла аст, аз дастрасӣ хориҷ кунанд ва ба ин тартиб монеъи дастрасии ҳакерҳо ба супурдаҳояшон ва табдили он ба пул роиҷ шаванд.

То кунун гуфта мешавад платформи ёдшуда муваффақ ба масдуд кардани дастрасии ҳакерҳо ба 33 миллион доллар рамзарз шудааст. Бар асоси иттилооти мунташиршуда то поёни апрели соли ҷорӣ ҳудуд 432 миллион доллар рамзарз аз тариқи ҳамалоти ҳакерӣ ё кулоҳбардорӣ ба сирқат рафтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ