Дар Самарқанд чанд адад корхона бо иштироки сармояи хориҷӣ фаъолият дорад? Дар дигар вилоятҳо чӣ?


Бино ба маълумоти Кумитаи оморшиносӣ ба ҳолати 1-уми августи соли 2021 дар ҷумҳуриятамон шумораи корхонаҳои бо иштироки сармояи хориҷӣ фаъолиятбаранда 12944-ро ташкил кард.
Ин нисбати ҳамин даври соли гузашта ба 772-то зиёд аст.
Айни замон дар вилояти Самарқанд 633-то корхона бо иштироки сармояи хориҷӣ фаъолият дорад.
Дар вилояти Тошканд 1395-то, дар шаҳри Тошканд 7692-то, дар вилояти Фарғона 505-то, дар Бухоро 324-то, дар Хоразм 192-то корхона бо иштироки сармояи хориҷӣ фаъолият пеш мебаранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ