Омодагиҳо ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 оғоз гардиданд

Бо ба анҷом расидани Бозиҳои олимпии Токио-2020 омодагиҳо ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 оғоз гардиданд.
33-юм Бозиҳои Олимпиада аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад. Бо сабаби бо як соли таъхир баргузор шудани Бозиҳои олимпии Токио-2020, то Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳамагӣ 3 сол боқӣ мондааст.
Моҳи декабри соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ барномаи 33-юм Бозиҳои Олимпиада дар Париж тасдиқ шуд, ки аз 32 намуди варзиш иборат аст. Кумитаи тадорукоти бозиҳо дар баробари 28 намуди олимпии варзиш, 4 намуди варзишро пешниҳод кард – брекданс (бори аввал вориди барномаи Бозиҳои олимпӣ мегардад), скейтбозӣ, мавҷбозӣ ва шӯхпаймоии варзишӣ, ки дар Олимпиадаи Токио низ буданд.
Намудҳои варзиши бейсбол ва каратэ-до, ки дар барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 буданд, дар Париж нахоҳанд буд.
Аммо то соли 2022 дар Барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 шояд дигаргуниҳо ворид карда шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ