Мулоқоти Президент бо бунёдкорони Ӯзбекистони нав

Рӯзи 20‑уми августи соли равон дар таърихи Ӯзбекистони нав боз як воқеаи фаромӯшнашаванда рӯй дод. Дар қасри байналмилалии анҷуманҳои шаҳри Тошканд бори аввал мулоқоти рӯ ба рӯи Президент Шавкат Мирзиёев бо тадбиркорон баргузор гардид.
Тадбирро раиси Палатаи савдову саноат Адҳам Икромов бо сухани муқаддимавӣ кушод. Сипас, сарвари давлатамон баромад кард.
– Имрӯз дар Ӯзбекистон 1,5 миллион нафар тадбиркор фаъолият пеш мебарад. Қаб­лан онҳо 400 ҳазор нафар буданд. Ҳоло 1,5 миллион нафар тадбиркор беш аз 5 миллион нафар аҳолиро бо кор таъмин мекунанд, – гуфт Президент. – Солҳои охир дар масъалаҳои ба тадбиркор додани кредит ва субсидияҳо, гирифтани литсензия, мулки ғайриманқул, соҳиби ресурсҳо шудан ва содирот имконият ва шароитҳои нав ба навро фароҳам овардаанд.
Бисёр санҷишҳои барзиёд, маҳдудият ва ғавчӯбҳо роҷеъ ба пули нақд, асъори хориҷӣ ва ашёи хом барҳам дода шуданд.
Аз ҳама асосиаш, дар байни халқ ва идораҳои давлатӣ муносибат нисбати тадбиркорон тағйир ёфт, обрӯ ва мавқеи онҳо дар ҷамъият рӯз аз рӯз пайваста меафзояд. Дар натиҷа, синфи соҳибкорони ҳақиқӣ, ки дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ соҳиби мавқеи мус­таҳкам, нуфуз ва бренди худ шудаанд, ташаккул меёбад.
Мо ҳамаи асосҳоро дорем, ки шумо солҳои охир ба такягоҳ ва локомотиви иқтисодиёт ва ислоҳотҳоямон табдил ёфтед, гӯем.
Бояд гуфт, ки ҳар сол дар мамлакатамон 90 фоизи ҷойҳои нави корие, ки ташкил карда мешаванд, ба ҳиссаи сектори хусусӣ рост меоянд. Дар 5 соли охир тадбиркорони ҷавон 5 баробар зиёд шуда, шумораи онҳо аз 500 ҳазор нафар афзудааст. Сафи занҳои тадбиркор низ боз меафзояд.
Президентамон ҳангоми мулоқоти рӯ ба рӯ бо соҳибкорон дар бораи ставкаҳои фоизи кредитҳо низ ҳарф зад:
– Ман хуб мефаҳмам, ки ҳама мехоҳанд кредити арзон гиранд. Вале ба таври сунъӣ ставкаҳои фоизи кредитро паст кунем, мувозинат дар бозори пул вайрон мешавад.
Бинобар ин, ба иқтисодиёт кредити арзон медиҳем гуфта, набояд барқарории макроиқтисодиётро фаромӯш кунем. Агар барқарорӣ набошад, ба мақсадҳои роҷеъ ба афзоиши иқтисодӣ пешбинишуда расида наметавонем.
Зикр гашт, ки дар самти хеле муҳими ислоҳотҳоямон, ки тадбиркории оилавӣ мебошад, ба Президентамон наздик ба ду ҳазор муроҷиат фиристодаанд.
Дар мулоқот як гурӯҳ тадбиркорони самарқандӣ дар Тошканд ва беш аз дусад нафарашон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи байналхалқии туризми «Роҳи абрешим» ба таври онлайн ширкат варзиданд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов пеш аз оғози мулоқот ба як гурӯҳ соҳибкорони фидоӣ, ватанпарвар, саховатпеша ва боғайрат ҳамчун рамзи арзи миннатдорӣ бори аввал Мактуби миннатдории Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро супурд, ки онҳо мукофотонида шуданд.
Роҳбари давлатамон дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо табдиркорон дар бораи вазифаи пурдолузарб будани васеъ кардани сафи тадбиркорони бовиҷдон, андоздиҳандандагони боинтизом, инчунин, роҳи аз ҳама мақбули мубориза бар зидди иқтисодиёти пинҳонӣ будани он ҳарф зад:
– Аз соли равон ҳар сол дар бораи вакилони бизнесе, ки дар саривақтӣ супурдани андозҳо, содироти маҳсулот, тайёр кардани мутахассисони варзида намуна мешаванд, китоби «Тадбиркорони пешқадами сол» чоп карда мешавад.
Барои ба таври муносиб қадр ва рағбатнок кардани чунин тадбиркорон мукофотҳои алоҳидаи давлатӣ таъсис мекунанд. Аз ин рӯ, орден ва медалҳои худи тадбиркорон низ мешавад.
Шавкат Мирзиёев гуфт: ба ин муносибат, имрӯз яъне 20‑уми августро «Рӯзи тадбиркорон» эълон кунем ва ҳамасола ҷашн гирем.
Ин пешниҳодҳодастгирӣ шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ