5 ташаббус — бо варзиш




Дар ҳамкории Садорати таълими халқи вилоят, шӯъбаи вилоятии Федератсияи баскетболи Ӯзбекистон ва шӯъбаи вилоятии Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши “Ёшлик”-и Ӯзбекистон дар байни хонандаҳои 13-14-солаи мактабҳои таълими умумии вилоят зери шиори “5 ташаббус-бо варзиш” аз рӯйи намуди баскетболи варзиш зинаи финалии мусобиқаи вилоятӣ баргузор гардид.
Мусобиқа дар мактаби бачагон ва наврасони ба навъҳои бозии варзиш ва атлетикаи сабук ихтисосонидашуда баргузор гардид.
Дар баҳсҳои писарона дастаи шаҳри Самарқанд ҷойи аввалро, дастаи ноҳияи Ҷомбой ҷойи дуюмро ва дастаи ноҳияи Пайариқ ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Дар қувваозмоии духтарон дастаи шаҳри Самарқанд ҷойи аввалро, дастаи ноҳияи Иштихон ҷойи дуюмро ва дастаи ноҳияи Самарқанд ҷойи сеюмро гирифтанд.
Дастаҳои ғолиб ва ҷоизадори мусобиқа бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотирмони ҷамъияти “Ёшлик” сарфароз гардиданд.

Беҳзод АҲМЕДОВ,
ҷонишини раиси шӯъбаи вилоятии Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши “Ёшлик”-и Ӯзбекистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ