Рейтинги мактабҳои вилоят баланд шуд

Дар ин бора сардори Садорати таълими халқи вилоят Зебинисо Шодиева дар маҷлиси кушоди Шӯрои августӣ, ки пеш аз оғози соли хониши 2021–2022 гузаронида шуд, маълум кард.
Шӯрои августии имсола ба тариқи онлайн тавассути иловаи ZООM баргузор шуд. Дар он муваффақиятҳои даҳсола ва нақшаҳои оянда баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки дар ҷойҳо мувофиқи Барномаи инвеститсия дар 39‑то мактаб корҳои сохтмонӣ-­таъмирии 163,3 млрд. сӯмина амалӣ мешаванд. Дар доираи Барномаҳои «Қишлоқи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар 27 мактаб корҳои сохтмонӣ-­таъмирии 49,7 млрд. сӯмина дар арафаи анҷомёбист.
Ҷамъ дар 31 мактаби таълими умумии вилоят, инчунин дар 26‑то филиали мактабҳои ноҳияи Қӯшработ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ-­таъмирӣ 108 млрд. сӯм маблағи иловагӣ ҷудо карда шуд.
Таълими халқи вилояти Самарқанд дар рейтинги миллии ҷумҳуриявии соли 2019 дар ҷойи 13‑ум қайд шуда буд. Дар натиҷаи чораву тадбирҳои аниқи мақсаднок вилоятамон дар соли 2020 ҷойи 9‑умро соҳиб шуд.
Имрӯз аз 56370 нафар омӯзгороне, ки дар сохтори таълими халқи вилоят фаъолият доранд, 1875 нафар тоифаи олӣ, 7133 нафар тоифаи якум, 13645 нафар тоифаи дуюмро соҳиб буда, дар давоми 10 соли охир таркиби сифатии омӯзгорон 16,1 фоизро ташкил кард.
Механизми «Таҷрибаи Самарқанд» таҳия гардида, ба 70‑то мактаби ноҳияҳои Ургут ва Пастдарғам профессору омӯзгорони ботаҷрибаи муассисаҳои таълими олӣ вобаста карда шуданд.
Рӯзҳои 3–4‑уми августи соли ҷорӣ аз вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Фарғона ба мактабҳои таълими умумии дурдаст ва сифати таълим пасти ноҳияҳои Каттақӯрғон, Қӯшработ ва Нуробод ҷамъ 51 нафар омӯзгорони тоифаи олӣ ва якум ба кор ҷалб гардиданд.
Инчунин, аз вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ бо 14 нафар омӯзгорони тоифаҳои олӣ, якум ва дуюм шартномаи меҳнатӣ имзо карда шуд.
Дар соли хониши 2020–2021 дар курсҳои бозомӯзӣ 140 нафар рӯҳшиносони номутахассис хонданд.
Барои хонандагони синфҳои 7–11 дар ноҳияи Булунғур дафтари кории «Барвақт ба касбу ҳунар равона намудан» аз санҷиши таҷрибавӣ гузаронида шуд.
Дар вилоятамон аз сабаби дар рушди ҷисмонӣ ё рӯҳиашон мавҷуд будани нуқсон ба 1600 нафар бачагон ёриҳои моддиву маънавӣ расонида шуд.
Ғайр аз ин, дар соли хониши гузашта ҷамъ аз 645 нафар хонандагоне, ки мактабро бо баҳои аъло хатм кардаанд, 571 нафар бо медали тилло ва 74 нафар медали нуқра сарфароз гардиданд. Зиёда аз 247 нафар хатмкунандагони синфи 11 пеш аз мӯҳлат, баъзеашон ба таври имтиёзнок донишҷӯёни муассисаҳои бонуфузи таълими олии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ гардиданд. Дар байни онҳо ба бахти донишҷӯйи донишгоҳҳои дар дунё машҳури Гарвард ва Окфорд шудан муяссаршудагон низ ҳастанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ