Намояндагони шаҳри Самарқанд дар Конференсияи вилоятии O’zLiDeP интихоб шуданд


Шӯрои шаҳри Самарқанди Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон конференсияи нӯҳуми худро баргузор кард.
Дар ин маҷлис масъалаҳои ҷашнгирии муносиби 30-юмин солгарди истиқлоли кишвар, фаъол кардани ташкилотҳои аввалияи ҳизб ва аъзои он, таъмини иштироки муносиби аъзои ҳизб дар интихобот баррасӣ шуд.
Ҳамчунин, барои иштирок дар конференсияи вилоятии Самарқанд аз шаҳр 12 нафар намоянда интихоб гардиданд.
Дар ҷамъомад бобати масъалаҳои баррасишуда қарорҳо қабул шуд.
Ёдовар мешавем, дар таркиби шӯрои шаҳри Самарқанд 146 ташкилоти аввалияи ҳизб фаъолият дорад. Ин ташкилотҳо 12 425 нафар узви ҳизбро дар худ фаро гирифтаанд.

Ҳасан Хоҷакулов
Ҷонишини аввали раиси Шӯрои шаҳри Самарқанди O’zLiDeP – роҳбари дастгоҳ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ